Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қавли Янукович ба мардуми Украина


Виктор Янукович, имрӯз ба ҳайси раиси ҷумҳури Украин қасам ёд кард ва гуфт, сиёсати хориҷиеро пеш хоҳад гирифт, ки барои кишвараш ”бештарин натиҷаро” бидиҳад. Вай гуфт: "Ба ҳайси пуле миёни Шарқу Ғарб ва як ҷузъи комили Аврупо ва ҳамзамон шӯравии собиқ, Украина сиёсатеро интихоб хоҳад кард, ки ба кишвар иҷоза медиҳад, бо рушди ҳамкории баробару барои тарафайн муфид бо Русия, Иттиҳодияи Аврупо, Амрико ва кишварҳои дигар бештарин натиҷаҳоро ба даст биёрад, ки ин кишварҳо дар таҳаввулоти вазъ дар ҷаҳон таъсир доранд." Виктор Янукович, ки тарафдори ҳамкории зичи Украина бо Русия аст, гуфт, мехоҳад Украинро ба як кишвари аврупоии хориҷ аз Иттиҳодияи Аврупо табдил диҳад. Вай ҳамчунин гуфт, Украина ҳоло гирифтори “қарзи азим”, камбизотӣ фасод ва “иқтисоди валангор” аст. Виктор Янукович дар даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар рӯзи ҳафтуми феврал нахуствазир Юлия Тимошенко ва яке аз раҳбарони собиқи инқилоби норанҷии соли 2004-ро мағлуб кард. Юлия Тимошенко аз эътирофи пирӯзии Виктор Янукович даст кашида ва дар маросими адои савганди ӯ ҳам ширкат накард.
XS
SM
MD
LG