Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод муносиботи Эрону Сурияро "қавӣ" хонд


Маҳмуди Аҳмадинажод – раиси ҷумҳури Эрон, имрӯз гуфт, муносиботи кишвараш бо Сурия “қавист”, бо вуҷуди он ки Амрико аз Сурия даъват кардааст, то аз Эрон фосила бигирад. Маҳмуди Аҳмадинажод дар ин бора дар шаҳри Димишқ ва баъд аз мулоқоташ бо Башшор Асад - раиси ҷумҳури Сурия, сухан гуфт. Рӯзи чаҳоршанбе Ҳилларӣ Клинтон – вазири умури хориҷаи Амрико, гуфт, Вашингтон бо ҳаракат ба самти эътидол дар ҳамкорияш бо Сурия саъй дорад, то ин кишвар аз Эрон фосила бигирад. Башшор Ассад гуфт, аз ин даъвати Иёлоти Муттаҳида “ҳайратзада” шудааст.
XS
SM
MD
LG