Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишварҳои Амрикои Лотин муттаҳид мешаванд


Кишварҳои Амрикои Лотин ва ҳавзаи Кариб мехоҳанд иттиҳодияи нави минтақаӣ таъсис кунанд. Дар ин бора раисиҷумҳури Мексика Филипе Калдерон дар нишасти сарони 32 кишвар дар фароғатгоҳи мексикоии Канкун хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи иттиҳодия нав – таҳкими бештари ҳамоиши минтақаӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти Амрикои Лотин аст.
Иттиҳодияи нав, ки ба он ИМА ва Канада шомил нахоҳанд буд, алтернативаи Созмони кишварҳои амрикоӣ арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG