Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши навбатии ҳайати нозирони САҲА


Нозирони интихоботии САҲА, ки марҳилаи пешазинтихоботии Тоҷикистонро дар фурсати байни 29 январ то 13 феврал таҳлил кардаанд, гузориши навбатии худро оид ба давраи омодагӣ ба интихоботи парлумонӣ нашр карданд. Дар гузориш омадааст, ки дар саросари Тоҷикистон маъракаи начандон фаъоли интихоботӣ ҷараён дорад. Гузориш мегӯяд, ки аксар мулоқоти номзадон бо раъйдиҳандагон аз рӯи ҷадвали комиссияҳои ноҳиявии интихоботӣ баргузор шуда гоҳо талоши аҳзоби сиёсӣ ва номзадҳои инфиродӣ барои ташкили ингуна вохӯриҳо ба таври мустақил бо монеаи маъмурони интихоботӣ рӯбарӯ мешавад. Дафтари нозирони интихоботии САҲА мегӯяд, ки чанд ҳизби сиёсии Тоҷикистон ин ниҳодро дар бораи эҳтимоли монеагузории мақомот, ҳамчунин мудохилаи полис ва истифода аз захираҳои ҳизби ҳоким барои пешбурди таблиғоти интихоботӣ огоҳонидаанд. Дар гузориш ҳамчунин масъалаи шаффофият ва муассирияти кори Комиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон зери суол бурда шуда гуфта мешавад, ки баъди таърихи 19 январ ин ниҳод ҳеҷ як нишасте доир накардааст. Дар заминаи таблиғоти расонаии интихоботӣ гузориш мегӯяд, ки то ҳол телевизион, ба унвони манбаи аслии иттилоърасонии аҳолии Тоҷикистон, дар робита ба интихобот иттилои хеле маҳдудро дар ихтиёри мардум гузоштааст. Пӯшиши қавиву фарогири интихоботиро чанд нашрияи маҳаллӣ ба роҳ мондааст, омадааст дар гузориши САҲА.
XS
SM
MD
LG