Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими поси хотири донишҷӯи кореягӣ дар Барнаул


Дар шаҳри Барнаули Русия ахиран маросими поси хотири як донишҷӯи кореягии кушташуда баргузор шуд. Канг Бйонгиломи 22-сола рӯзи панҷшанбе баъди ҳамлаи гурӯҳи ҷавонҳои мусаллаҳ дар маркази шаҳр аз захмҳои гирифтааш ҷон дод. Ин ҷавон тибқи як барномаи табодул аз донишгоҳи миллии Квонгҷу омада дар академияи давлатии омӯзгории Олтой таҳсил мекард. Ҷасади ӯ дар Кореяи Ҷанубӣ ба хок супурда мешавад. Бар тибқи иттилои додситонии маҳаллӣ бо гумони даст доштан дар куштори ин донишҷӯи хориҷӣ панҷ нафар, аз ҷумла ду хурдсол боздошт шуданд. Консули калони Кореяи Ҷанубӣ дар Русия, ки барои ширкат дар ин маросим ба Барнаул сафар кард, гуфт, ки куштори ҷавон ба равобити миёни ду донишгоҳ таъсири манфӣ мерасонад, вале бо ин вуҷуд барномаи табодули донишҷӯёни миёни вилояти Олтой ва Кореяи Ҷанубӣ идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG