Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори ду тоҷик дар Русия


Хабаргузории русии Новости бо такя ба манобеи ҳифзи ҳуқуқ мегӯяд, ки ахиран дар ноҳияи Пушкинскии минтақаи Подмосковйе ду шаҳрванди Тоҷикистон аз ҷониби ашхоси номуайян бо зарби гулӯла кушта шуданд. Ин ҳодиса дар рустои Лесной дар як манзили истиқоматӣ рӯй дод, ки тибқи фарзияи пешакӣ иҷоранишинонаш ду тоҷик буданд. Манбаи полис ба Новости гуфтааст, ки “ба хонаи ин хориҷиҳо се фарди ниқобпӯш ворид шуда ба ҷониби ин ду нафар оташ кушоданд. Дар ҷои ҳодиса тапончаи навъи ТТ ошкор шудааст”. Тафсилоти бештари ҳодиса мушаххас нест. Полис гуфтааст, ки машғули муайянкунии ҳуввияти қурбониҳо мебошад. Манобеи мустақил дар робита бо ин ҳодиса иттилое пахш намекунанд.
XS
SM
MD
LG