Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олимпиадаи Ванкувер: натиҷагирии 11 рӯзи бозиҳо


Бозиҳои XXI зимистонаи олимпӣ дар Ванкувери Канада ҷараён доранд. Баъди натиҷагирии ёздаҳ рӯзи бозиҳо намояндагони 26 кишвар медалҳои олимпӣ ба даст овардаанд.

Олмон бо касби 21 медал – 7 тилло, 9 нуқра ва 5 биринҷӣ дар ҳисоби умумидастаӣ ба ҷои аввал баромад. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 24 медал - 7 нишони тилло, 7 нуқра ва 10 биринҷӣ ба ҷои дуввум фуромад, зеро амрикоиҳо нисбат ба олмониҳо 2 медали нуқра камтар гирифтаанд. Норвегия, ки ҳамагӣ 14 медал - 6 тилло, 3 нуқра ва 5 нишони биринҷӣ дорад, дар ҷои сеюм мебошад.

Дар маҷмӯъ, то ҳоло варзишгарони 16 кишвари олам ба унвони қаҳрамони Олимпиадаи Ванкувер даст ёфтаанд. Ба ғайр аз 3 дастаи пешсаф, ҳамчунин, намояндагони Швейтсария, Кореяи Ҷанубӣ, Канада, Австрия, Шветсия, Чин, Нидерланд, Русия, Фаронса, Словакия, Австралия, Ҷумҳурии Чех ва Бритониёи Кабир бо медалҳои тилло сарфароз шудаанд.

Аз собиқ кишварҳои шӯравӣ Русия 10 медал – 2 тилло, 3 нуқра, 5 биринҷӣ, Латвия 2 медали нуқра, Беларус 1 медали нуқра ва 1 нишони биринҷӣ, Қазоқистон ва Эстония ҳар кадом 1 медали нуқра ба даст овардаанд.
XS
SM
MD
LG