Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тобути фиръавнро ба Миср бармегардонанд


Мақомоти Амрико тобути ороишёфтаи як фиръавни Мисри қадимро, ки ҳанӯз 125 сол қабл қочоқ шуда буд, ба Миср бармегардонанд. Мақомоти Миср мегӯянд, ки ин тобути 3000-сола дар моҳи оянда пас дода хоҳад шуд.
Дар ин тобути чӯбин бозмондаҳои марде бо номи Эмус, ки дар борааш чизи зиёде маълум нест, ҷо дода шудааст.
Идораи муҳоҷират ва гумруки Амрико дар соли 2008 ин тобутро аз як тоҷири испанӣ, ки онро барои фурӯш ба Флорида оварда буд, мусодира карданд.
Миср мегӯяд, ки тобутро аз ин кишвар ҳанӯз дар соли 1884 бо роҳи қочоқӣ берун бурда буданд.
XS
SM
MD
LG