Вазирони хориҷаи ИА имрӯз истифодаи шиносномаҳои ҷаълии аврупоӣ ҳангоми қатли фармондеҳи Ҳамос дар Дубайро маҳкум карданд. Аммо ин изҳорот ишораи мустақиме ба сӯи Исроил надошт. Бовар меравад, ки қатли Маҳмуд ал-Мадҳуҳро Моссад, ожонси истихборотии Исроил анҷом додааст. Исроил аммо даст доштанаш дар ин қазияро то ҳол таъйид ё такзиб накардааст. Эъломияи тасвибшуда дар нишасти вазирони хориҷаи ИА дар Брюссел мегӯяд, ки ин созмон истифодаи асноди аврупоӣ дар ин сӯиқасдро шадидан маҳкум мекунад.
Моссад ба он айбдор мешавад, ки омилонаш бо истифода аз шиносномаҳои атбоъи Бритониёву Ирландия ва Фаронсаву Олмон вориди Дубай шудаанд.
Моссад ба он айбдор мешавад, ки омилонаш бо истифода аз шиносномаҳои атбоъи Бритониёву Ирландия ва Фаронсаву Олмон вориди Дубай шудаанд.