Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ричард Ҳолбрук озими Гурҷистон шуд


Ричард Ҳолбрук, фиристодаи Амрико дар умури Афғонистону Покисто
Ричард Ҳолбрук, фиристодаи Амрико дар умури Афғонистону Покисто

Ричард Ҳолбрук, фиристодаи Амрико дар умури Афғонистону Покистон, баъди хотимаи боздид аз кишварҳои Осиёи Марказӣ озими Гурҷистон шуд.

Вай ҳадафи сафари худро мусоидати бештари минтақа дар амри истиқрори субот дар Афғонистон гуфт. Ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигорон дар шаҳри Остона Ричард Ҳолбрук гуфт, дар Гурҷистон ба масъалаи ҳузури нерӯҳои ин кишвар дар ҳайъати нерӯҳои ба раҳбарии НАТО дар Афғонистон таммаркуз хоҳад кард.

Аз лиҳози қавмӣ, стратегӣ ва ҷуғофӣ Тоҷикистон як кишвари фавқулодда муҳим аст, агар кас як Афғонистони орому осоиштаро дидан хоҳад ...
Вай афзуд, “ман аз ин ҷо ба Гурҷистон меравам, то масъалаи баталёни Гурҷистонро баррасӣ кунам, ки ба Афғонистон хоҳад рафт. Ин сафари ман ҳеҷ иртиботе ба равобити Русияву Гурҷистон надорад. Сафари ман танҳо ба саҳми фавқуллода муҳими Гурҷистон ба талошҳои байналмилалӣ дар Афғонистон иртибот дорад.“

Ричард Ҳолбрук, ки бо нахуствазир ва вазири умури хориҷаи Қазоқистон мулоқот дошт, Қазоқистонро ба ҳайси як шарики қавии стротегӣ ситоиш кард ва онро муваффақтарин кишвари Осиёи Марказӣ номид.

Дар навбати худ Қанот Саудабоев, вазири умури хориҷаи Қазоқистон, гуфт, кишвараш пас аз ҳамлаҳои терористии 11 сентябри соли 2001 ба Амрико ҳамеша як шарики қавии стротежии Амрико будааст.

Ричард Ҳолбрук пеш аз ин ва ҳангоми боздидаш аз Тоҷикистон вай бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, масъалаи энержӣ ва истифода аз манобеи оби Осиёи Марказиро низ баррасӣ кард. Вай ҳамчунин гуфт , Тоҷикистон барои истиқрори субот дар Афғонистон бениҳоят муҳим аст.

Ҷаноби Ҳолбруг афзуд, “аз лиҳози қавмӣ, ҷуғрофӣ ва стратегӣ Тоҷикистон кишвари фавқулодда муҳим аст, агар кас як Афғонистони орому осоиштаро дидан хоҳад».

Ричард Ҳолбрук рӯзи ҷумъа дар Ӯзбакистон буд ва бо раисиҷумҳур Ислом Каримов мулоқот кард. Ба ин суол, ки оё Амрико қасд дорад, ки дар Ӯзакистон пойгоҳи низомӣ таъсис диҳад, посухи рад дод.

Вай гуфт, “Ӯзбакистон барои мо имконоти арзишманде барои интиқоли молу мавод ба Афғонистон фароҳам мекунад, ки бисёр муҳим аст, аммо пойгоҳи низомӣ на.“

Ричард Ҳолбрук дар Тоҷикистон ҳушдор дод, ки шабакаи терористии Ал-Қоида ҳамчунон барои минтақа хатар эҷод мекунад. Сафари Ричард Ҳолбрук ба Осиёи Марказӣ ршӯзи 17 феврал аз Қирғизистон шурӯъ шуд ва рӯзи якшанбе дар Қазоқистон хотима ёфт.

Ба иттилои сафорати Амрико дар Тбилисӣ, Ричард Ҳолбрук дар ин шаҳр бо Михайил Саакашвилӣ - раиси ҷумҳури Гурҷистон мулоқот ва аз маркази миллии омӯзишии нерӯҳои ин кишвар дидан мекунад.
XS
SM
MD
LG