Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти таҳиягари "Бачаҳои Помир"


Аз Маскав дар бораи даргузашти таҳиягари маъруфи синамо Владимир Мотил хабар расид. Табибон гуфтанд, ки таҳиягар ба сактаи мағзӣ мубтало шуда ва сутунмӯҳрааш шикастааст.
Владимир Мотил нахустин филми худ – “Бачаҳои Помир”-ро соли 1963 дар студияи “Тоҷикфилм” навор гирифта буд. Ӯ баъди таҳияи филмҳои “Женя, Женечка ва Катюша”, “Офтоби сафеди биёбон”, “Ситораи бахти оламгир” дар сартосари шӯравии собиқ ва берун аз он маъруф шуд.
Владимир Мотил барои филми “Бачаҳои Помир” барандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ шуда буд. Ӯ ҳамчунин шаҳрванди фахрии Душанбе ва соҳиби унвони “Ходими шоистаи Тоҷикистон” буд.
XS
SM
MD
LG