Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушбинии Янукович ба таъсиси эътилофи нави парлумонӣ


Раисиҷумҳури тозаинтихоби Украина Виктор Янукович изҳор намуд, ки то охири ҳафтаи оянда эътилофи нави парлумонӣ таъсис хоҳад шуд. Зимни суханронӣ аз тариқи шабакаи телевизионии “Украина” ӯ гуфт, ки иттиҳоди нав “Эътилофи эътидол ва ислоҳот” ном дорад.
Аз ин пеш хабар дода шуд, ки Виктор Янукович номзадии се нафар – тоҷири маъруф Сергей Тигипко, раиси пешини парлумон Арсений Ятсенюк ва узви раёсати “Ҳизби минтақаҳо” Николай Азаровро ба мақоми сарвазири ояндаи кишвар баррасӣ мекунад.
Дар даври дуюми интихоботи раёсатҷумҳурии Украина, ки рӯзи 7 феврал доир шуда буд, Виктор Янукович назар аз рақибаш, сарвазири феълӣ Юлия Тимошенко, 3-ву ним дар сад бештар раъйҳоро ба даст овард. Қарор аст, ки рӯзи 25 феврал маросими савгандёдкунии раисиҷумҳури тозаинтихоби Украина баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG