Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими видоъ бо варзишгари гурҷӣ


Ҳазорон нафар аз гурҷиҳо имрӯз барои видоъ бо Нодар Кумариташвилӣ - чанасовори ин кишвар, ба маросими дафни ӯ ҳозир шуданд, ки зимни тамрин ва пеш аз оғози бозиҳои олимпии зимистона ба ҳалокат расид. Нодар Кумариташвилии 21-соларо дар зодгоҳаш шаҳри Вакурианӣ дафн мекунанд. Варзишгари гурҷӣ ду соат қабл аз ифтитоҳи бозиҳои олимии Ванкувер идораи чанаи худро, ки бо суръати 144 километр соат ҳаракат мекард, аз даст дод ва ба сутуни пайроҳа бархӯрда, ҷон дод.
XS
SM
MD
LG