Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихобот. Ҳизбҳои бошиору бешиор


Tajikistan-election banners
Tajikistan-election banners

Дар Тоҷикистон танҳо ду ҳизби сиёсӣ, Ҳизби ҳокими халқӣ - демократӣ ва Ҳизби наҳзати исломӣ бо шиорҳои хоси хеш, ки дар кӯча ва хиёбонҳои шаҳри Душанбе овехтаанд, вориди корзори интихоботӣ шудаанд.

Ҳарчанд то кунун шиори интихоботии ин аҳзоб танҳо дар варақа ва палакатҳои номзадҳои интихоботӣ сабт шуда буд. Аммо бақия аҳзоби сиёсӣ то ҳол ҷуръат ба насби шиорҳои интихоботии худ дар плакатҳои бузург накардаанд ва иллати аслии ин амр мушкилоти молӣ унвон шудааст. Вале шиори интихоботии аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар чи заминае ба вуҷуд омадааст ва то чӣ ҳад ин шиорҳо метавонад ҳизбҳоро дар интихоботи 28 феврал ба пирӯзӣ наздик кунад?

Шиор чӣ кор ояд ҳизбро?

Пайдо шудани шиору плакатҳои бузурги ҲХДТ ва ҲНИТ тайи ду рӯзи ахир дар кӯҷаву хиёбонҳои пойтахти кишвар то андозае фазои сокити интихоботи парлумонро бедор кард. Зеро ба эътиқоди аксари соҳибназараон шиори хос ва мубориза зери парчами он омили пирӯзии аҳзоб аст.Аммо мушоҳидаи мо танҳо дар хиёбони марказии шаҳри Душанбе собит кард, ки агар ҳизби ҳоким дорои 10 овезаи бузурге бо дарҷи шиори хоси интихоботии худ ҳамроҳ бо аксҳои Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, бошад, танҳо як чунин овеза - шиор ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тааллуқ дорад. Мутаассифона дар ҳеҷ як ҷои шаҳри Душанбе шиори бақия аҳзоби сиёсиро наметавон дид. Варақаҳои интихоботии ин аҳзоб, шиори онҳо дар ҳаҷми хеле кӯчак ва дар бархе аз девори биноҳо насб шудаааст. Сабаб чист? Заррагул Мирҳасанова, намояндаи Ҳизби коммунист мегӯяд, «мо шиори хоси худро дорем бо номи «Бунёди ҷомеаи иҷтимоъӣ, ҳифзи ҳуқуқ озодӣ ва манфиатҳои заҳматкашон мароми мост». Вале мушкилоти молӣ моро нагузошт, то ин шиорро дар плакатҳои бузург дар кучаву хиёбонҳо ҷо диҳем. Лекин ҳамон варақаҳои интихоботӣ, ки рӯйхати номзадҳои ҳизбӣ дар баъзе ҷоҳо насб шудааст ин шиорро дорад . Аз сӯи дигар мо нашрияи ҳизбӣ дорем, ки ба ҳама манотиқ, ба хусус кумитаҳои иҷроиятии ҳизб фиристодем, ки на танҳо ахзои ҳизб, балки, тарафдорон ва пайравон аз он истифода хоҳанд кард».

Аксари аҳзоби сиёсӣ, ҳатто Ҳизби сотсиал – демократи Тоҷикистон, ки бо шӯру шавқи беандоза ба интихоботи порлумонӣ часпидааст, мушкилоти молиро аз иллати аслӣ дар заминаи таблиғоти шиори интихоботии хеш унвон карданд. Пас бо таваҷҷӯҳ ба ин вазъ оё интихобкунандагон аз шиори интихоботии аҳзоби сиёсӣ огаҳӣ доранд?

Як ҷавони тоҷик мегӯяд. «ростӣ медонам, ки интихобот аст, вале кай ва ҳизбҳо бо шиоре мераванд. Ба ин таваҷҷӯҳ накардам ва ин муҳим нест барои ман. Чунки ба фикрам ҳизбҳо душмани халқ нестанд – ку?».

Зани синнаш ба 55 расида гуфт, «чихелӣ шиор? Интихобот мешавад, мо интирок мекунем, валекин дар бораи шиори интихоботии аҳзоб чизе намедонам. Хайр,ҳамаи ҳизбҳо як шиор доранд, ки ободии диёр, адолати мардум».

Шиорҳои интихоботии аҳзоби сиёсии Тоҷикистон:

1. Ҳизби халқӣ - деморкати Тоҷикистон: «Барои созандагӣ ва рушди босуботи Тоҷикистон!»

2. Ҳизби коммунист: «Бунёди ҷомеаи иҷтимоъӣ, ҳифзи ҳуқуқ озодӣ ва манфиатҳои заҳматкашон мароми мост».

3.Ҳизби наҳзати ислмомӣ: «Имон ба Худо, Садоқат ба Ватан ва Хидмат ба Мардум»

4. Ҳизби сотсиал –демократ: «Хирад. Адолат. Тараққиёт»

5. Ҳизби сотсиалист: «Ростиро заволе нест»

6. Ҳизби демократ: «Истиқлоли Тоҷикистон самараи мубориза мост ва ҳадафи мо истиқлоли комил аст»

7. Ҳизби кишоварзӣ: «Зиндагии арзанда ба ҳар шаҳрванди Тоҷикистон»

8. Ҳизби ислоҳотӣи иқтисодӣ: «Барои фардои нек ва саодатмандии диёр»

Пирӯзии ҳизб то куҷо ба шиори он вобаст аст?

Абдулғанӣ Маҳмадазимов, раиси Анҷмумани сиёсатшиносони Тоҷикистон дар бораи шиорҳои интихобнамудаи аҳзоб ва эҳтимоли таъсири онҳо ба интихобкунандагон гуфт, «таҳлили шиори интихоботии аҳзоби сиёсӣ нишон медиҳад, ки ду ҳизби умда, Ҳизби халқӣ - демократ ва Ҳизби наҳзати исломӣ аз шиорҳои хуби интихоботӣ кор гирифтаанд Дар канори он ки хеле кӯтоҳ ва муъҷаз ҳастанд, метавонанд мардумро ба интихобот ҷалб кунанд. Аммо бақия аҳзоби сиёсӣ натавонистаанд аз шиорҳои даъваткунанда ва ҳамзамон мудерн истифода кунанд. Шиори ҳизби сотсиал демокрт низ то андозае хуб аст. Аммо ин ҳизб бо муаррифи худ ба унвони як ҳизби ҳуқуқшиносон маҳдуд шудааст, ки то ҷое нақши онҳоро миёни электорат коҳиш медиҳад. Бақия аҳзоб заъфи онҳост, ки натавонистаанд, худро аз тариқи шиорпартофтан муаррифӣ кунанд».

Ин дар ҳолест, ки масъулони аҳзоби халқӣ - демократ ва наҳзати исломӣ шиори интихоботии худро қабл аз интихоботи қарибулвуқӯъ ва бар асоси машварату маслаҳати аъзо ва раёсати ин ҳизбҳо интихоб кардаанд. Аммо Субҳони Сафиалло, намояндаи ҳизби коммунист, мегӯяд, идеологи аслии шиори интихоботии ҳизб Шодӣ Шабдолов, раҳбари коммунистони тоҷик аст, ки дар анҷмумани интихоботи ҳизб дар охири декабри соли гузашта интихоб гардид. Ҳамонгуна, ки дар даврони Шуравӣ куллия тасмимоти Ҳизби куоммунист, тавассути шахси аввал гирифта мешуд, ҳоло низ чунин шева мавриди амал будааст. Вале бо ин ҳама ҷомеашиносони точик бар ин боваранд, ки бо таваҷҷӯҳ ба рушд накардани технологияи сиёсӣ ва омузиши афкори омма, тавассути аҳзоби сиёсӣ то ҳол нақши шиори интихоботӣ ҷойгоҳи вижаеро дар раванди баргузории интихоботҳо дар Тоҷикистон касб накардааст. Чун агар назаре ба интихоботҳои кишварҳои дигари ҷаҳон дӯхта шавад, масалан шиори «Мо метавонем» -и Барак Обама, ӯро дар интихоботи президентии Амрико ба пирузӣ расонд. Дар ҳамин ҳол бештари коршиносон бар ин боваранд, ки шиори «Баҳри созандагӣ ва рушди босуботи Тоҷикистон» - и Ҳизби халқӣ демократ дар таъмини пирӯзии ин ҳизб дар
интихоботи 28 феврал саҳми муносибе хоҳад гузошт. Аммо гурӯҳи дигар бар ин назаранд, ки шиори « Имон ба Худо, Садоқат ба Ватан ва Хидмат ба Мардум» - и Ҳизби наҳзати исломӣ низ барои ворид шудани намояндагони ин ҳизб ба порлумон роҳи бештареро боз хоҳад кард. Вале шиори интихоботии бақия аҳзоб чӣ?. Танҳо натоиҷи интихоботи парлумонӣ ба ин суол посух хоҳад гуфт.
XS
SM
MD
LG