Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Новшикани нави Эрон вориди амал шуд


Телевизиони давлатии Эрон гузориш дод, ки ин кишвар нахустин новшикани сохти Эронро бо номи "Ҷаморон" вориди амал кардааст. Телевизион онро дастоварде дар саноати киштисозӣ арзёбӣ кардааст. Дар барномаи телевизионӣ гуфта шуд, ки новшикан дорои мушаки ҳидоятшаванда аст ва бо мушакҳои зиддикиштиҳо ва замин ба ҳаво ва ҳамчунин бо торпедо муҷаҳҳаз мебошад. Эрон бо эълони чунин пешрафтҳои саноати низомӣ ва гушоишҳои илмиаш мехоҳад истиқлоли худро намоиш диҳад, бо вуҷуди ин ки барномаҳои ҳастаиаш таҳрим шудаанд.
XS
SM
MD
LG