Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2 кушта ва 35 маҷрӯҳ дар Ингушетия


Дар натиҷаи инфиҷори баме дар як хона дар Назрани Ингушетия 2 нафар кушта, 35 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Назран бузургтарин шаҳри Русия дар ин ҷумҳурии Қавқози Шимолӣ ба шумор меравад. Як нафар аз кушташудаҳо корманди пулис ва дигарӣ аз сокинони маҳаллӣ будаанд. Дар миёни афроди маҷрӯҳ раиси пулиси Назран ва як корманди дигари боломақоми нируҳои интизомӣ ҳастанд. Тибқи гузориш, бам замоне мунфаҷир шудааст, ки кормандони пулис хонаеро барои шӯришиёни пинҳоншуда расидагӣ мекардаанд.
XS
SM
MD
LG