Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Резиши тарма дар Бадахшон қурбонӣ бар ҷой гузошт


Дар ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшони Кӯҳистонӣ як нафар зери тарма монда ҷон додааст. Бино ба гуфтаи сокинони маҳал Фурқат Шогуниев-сокини деҳи Гожаки ноҳияи Шуғнон шабонгоҳи 17-ӯм ба 18-ӯми феврал дар кӯҳистони наздикии деҳ зери тарма мондааст. Ҷасади вайро аз зери тарма сокинони маҳаллӣ ва гурӯҳи наҷот берун кашидаанд. Аз оғози моҳи феврал то ҳол ин дуввумин мавриди зери тарма мондани одамон аст. 5-ӯми феврал низ дар маҳале бо номи Баржир як нафҳар дар зери тарма ҷон дод. Бо наздик шудани баҳор мумкин аст дар минтақаҳои кӯҳистонӣ резиши тарма бештар шавад.
XS
SM
MD
LG