Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раъйдиҳандаи тоҷик: Кист он?


То интихоботи порлумонии Тоҷикистон камтар аз даҳ рӯзи дигар мондааст ва ба гуфтаи мақомоти интихоботӣ тақрибан нисфи аҳолии Тоҷикистон, яъне се миллиону чаҳорсад ҳазор нафар ҳаққи ширкат дар ин корзори муҳими сиёсиро доранд. Дар вижагуфтори Чеҳраи ҳафта симои раъйдиҳандаи маъмулии тоҷикро ба тасвир кашидем.

Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон раъйдиҳандаи тоҷик, фарди аз 18-сола болост, ки ҳаққи ширкат дар интихоботро дорад. Яъне, ҳаққи шаҳрвандии ӯ, ин аст, ки аз роҳи интихобот иродаи сиёсии хешро баён карда ва барои беҳтар шудани идораи кишвар ва аз ҷумла интихоби афроди воқеъан шоиста дар ниҳоди олии қонунгузори Тоҷикистон саҳм бигирад.

"БЕПАРВО, НООГОҲ..."

Аммо қонунгузорӣ дигару воқеъият дигар аст, мегӯяд, Марат Мамадшоев, хабарнигори тоҷик. Вай симои раъйдиҳандаи маъмулии тоҷикро чунин тасвир мекунад:
“Вай як инсони бепарвост, чандон огаҳ ҳам нест, ва хуб намефаҳмад, ки интихобот чист ва агар донад ҳам, аммо нисбат ба интихобот бепарво аст. Вай бовар дорад, ки натиҷаҳои интихобот аз ҳамин ҳоло маълум аст ва раъйи ӯ ҳеҷ аҳамияте надорад. “

Латиф Ҳадязода, таҳлилгари дигари тоҷик, ки худаш дар гузашта ҳам номзад ба мақоми вакилӣ будааст, ба ин гуфта мувофиқ аст:
“Сатҳи фарҳанги сиёсии электорати мо ба андозае, ки бояд болорафта бошад, нест. Ба он хотир, ки худи ҳамин сохти демократии идорӣ, ё муддати кӯтоҳе, ки мо кишвари мустақил сохтем ва конститусия қабул кардем ва мардум ҳам моҳияти қонуни асосиву қонунҳои интихоботро дуруст сарфаҳм намераванд.“

Ҳатто аз як раҳгузар дар Душанбе, ки дар зоҳир мисли профессор аст, бипурсед, доир ба интихобот ва ё вакилашон чӣ медонанд, э ҳей мегӯяд, ки маъниаш бехабарии комил аз интихобот аст. Иҷоза диҳед, аз худашон бипурсем:

Интихобот аз нигоҳи мардум
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:00 0:00



БЕШТАР АЗ ЭСТОНИЯ! БЕҲТАР АЗ ЭСТОНИЯ?

Аммо дар ин миён буданд, афроде, ки медонистанд, ки рӯзи 28 феврал дар Тоҷикистон интихоботи порлумонист, аммо онҳо ҳам
мегуфтанд, ки намедонанд, номзад аз ҳавзаи интихоботии онҳо кист? Аз ин рӯ, дуруст нест, бигӯем, ки 3 миллион 400 ҳазор раъйдиҳандаи тоҷик, ки теъдодашон аз ҷамъи аҳолии Латвия ва Эстония бештар аст, ҳама дониши кофӣ доир ба интихобот надоранд ва нисбат ба ин корзори муҳими сиёсӣ бепарвоянд.

Бар асоси назархоҳии тозаи Бунёди байнулмилалии низомҳои интихобот,ӣ дар Тоҷикистон аз миёни 73 дарсади раъйдиҳандагони тоҷик 32 дарсади онҳо гуфтаанд, ки ҳатман дар интихобот ширкат хоҳанд кард, 41 дарсад ҳанӯз тасмими қатъӣ нагирифтаанд ва гуфтаанд, шояд дар интихобот ширкат кунанд. Шояде, ки маълум нест, натиҷааш ширкат дар интихобот аст ва ё кор, ё ин ки истироҳат дар хона.

Ба гуфтаи Паём Фурӯғӣ, таҳлилгари мустақил дар Тоҷикистон, зоҳиран як омили дигаре, ки мардумро аз интихоботу умури сиёсӣ дур нигаҳ медорад, сиёсӣ набудани худи мардум аст:
“Ба таври куллӣ, гапҳои сиёсӣ вирди забони мардум нест. Масалан, дар таксӣ мешинед, ё дар автобус ҳастед, ё дар ресторан ҳастед, ин масъалаи интихобот, ки як ҳафтаи дигар хоҳад буд, пеш намеояд. Мардум дар ҳоли ҳозир зиёд сиёсӣ нестанд дар Тоҷикистон. “

Раъйдиҳандаи тоҷик ба гуфтаи мусоҳибони дигарам, фардест, ки ҳоло дар андешаи зиндагии рӯзмарра ва як луқмаи нони худ буда ва маҷоли шунидани баҳсҳои сиёсиву интихоботиро надорад. Манижа Қурбонова, хабарнигори рӯзномаи “Азия Плюс”, мегӯяд, сахтиҳои зиндагӣ ва мушкилоти иқтисодӣ низ як омили дигари бемайлии мардум ба интихобот аст. Дар интихоботи имсола бо ҳаёҳу дар атрофи нерӯгоҳи Роғун, интихоботу вакилон ҳам гӯё аз ёди мардум рафтаанд. Манижа Қурбонова, хабарнигори рӯзномаи “Азия Плюс”:
“Дар миёни мардум, ки мегардӣ, мебинӣ ҳама рӯҳафтода ҳастанд. Дигар ин ки ба фикри ман, хариду фурӯши саҳмияҳои Роғун масъалаи интихоботро дуввумдараҷа кардааст.”

ЭЪТИРОЗ Ё ВАЗИФАИ МИЛЛӢ?

Аммо на тамоюлҳои мувақаттӣ, балки тамоюлҳои дарозмуддати сиёсӣ дар Тоҷикистон будааст, ки ба гуфтаи баъзе аз мусоҳибонам, мардумро нисбат ба интихобот бепарво кардаанд. Онҳо ба интихоботи шаффофу одилона бовар надоранд ва чунин мепиндоранд, ки мақомот онҳоро фиреб медиҳанд. Онҳо далел ҳам доранд, зеро то кунун ба гуфтаи нозирони хориҷӣ ҳеҷ яке аз интихоботҳои Тоҷикистонро шаффофу одилона баргузор нашудааст.

Бахши дигар аз ҳисси хашм нисбат ба ҳукумат ва вуҷуди фасоди густурда раъй намедиҳанд ва аз ин роҳ эътирози худро нишон медиҳанд.
Хонанда бо ники "Шогирд": "Айби давлат ин аст, ки ба хости мардум пой гузоштааст ва мардум дигар аз ин маъракаҳои ба ному бефоида афсурда шудаанд. Айби мардум ин аст, ки аз дархости ҳаққи худ афсурда шуда, канор рафтаанд, агарчӣ бояд барои ҳаққи худ кӯшиши бештар кунанд."
Ба гуфтаи Латиф Ҳадязода, таҳлилгари тоҷик, бархеи дигар сабаби ширкат накардан дар интихоботро дар набудани номзадҳои шоиста медонанд:
«Аксари вакилоне, ки интихоб мешаванд, мутаассифона, ё вакилони гузашта мешаванд, ё аслан он нафароне, ки дар мақомот ё раҳбарӣ буданд, аммо кори намоёну шоистае накардаанд. Ва акнун пазируфта мешаванд, ба сифати вакил. Яъне, як нафар, ки дар давоми фаъолияташ як кори намоёне накард, чӣ гуна метавонад, як кори шоистае анҷом диҳад. Дар натиҷа, ин ҳам электорати моро як андоза дилсард кардааст.“

Аммо Абдураҳмон Абдуманнонов, сухангӯи Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон, мегӯяд, раъйдиҳандаи тоҷик ҳоло назар ба гузашта огаҳтар аст ва ӯ интизор дорад, ки бештар аз 50 дарсади мардум дар интихоботи оянда раъй хоҳанд дод:
“Ман фикр мекунам, зиёдтар. Мардум ширкат мекунанд, чунки фарҳанги сиёсии мардум ва маърифати ҳуқуқии онҳо назар ба солҳои қаблӣ хеле болотар рафтааст.”

Паём Фурӯғӣ ҳам мегӯяд, агарчӣ мардум дар Тоҷикистон сиёсӣ набошанд ҳам, аммо ба интихобот хоҳанд рафт, зеро раъйдиҳӣ дар Тоҷикистон ба унвони як “вазифаи миллӣ” пазируфта шудааст:
“Ба назар меояд, ки масъалаи раъй дар Тоҷикистон мисли дигар ҷойҳои дунё як навъ, вазифаи миллӣ маҳсуб мешавад. Бинобар ин, ман фикр мекунам, ки дар Тоҷикистон чун дар ҷойҳои дигари дунё, мардум як миқдор аз корҳоро ба унвони кори миллӣ анҷом медиҳанд, шояд ҳам аз худашон, аз мақомот, аз аҳзоб суолу ҷавоб намекунанд, вале ин корро мекунанд, чун солиёни сол шудааст ва тавре шумо мегӯед, ба унвони расмест, ки бояд онро анҷом дод.“

Аммо ин расмро садҳо ҳазор нафар аз шаҳрвандони муҳоҷири тоҷики Русия анҷом дода наметавонанд, зеро аксарияташон ғайриқонунӣ дар он ҷо фаъолият мекунанд ва аз тарси милисаи Русия аз хонаҳояшон ба сахтӣ берун меоянд, чӣ расад ба интихобот.

Гузашта аз ин, як хусусияти вижаи раъйдиҳандаи тоҷик, ин аст, ки рӯзи интихобот бо як баста баргаҳои раъй ба қитъаи интихоботӣ рафта, ва аз рӯи фармудаҳои мақомоти маҳаллӣ ба қавле иродаи сиёсии тамоми хонаводаро баён мекунад.

АЙБ ҲАМ ДАР ОШУ ҲАМ ДАР МОШ

Ин хислатҳову бепарвоиву бемайлӣ ва парҳези раъйдиҳандаи тоҷик аз сиёсат як шунавандаи барномаҳои Радиои Озодӣ, ки худро «Шогирд аз Кувайт» муаррифӣ кардааст, ба изтироб андохтааст. Вай мегӯяд, огаҳ набудани мардум аз ин гуна чораҳои сиёсӣ, аз заъфи давлат аст ва ҳам аз мардум. Айби давлат ин аст, ки ба хости мардум пой гузоштааст ва мардум дигар аз ин маъракаҳои ба ному бефоида афсурда шудаанд. Айби мардум ин аст, ки аз дархости ҳаққи худ афсурда шуда, канор рафтаанд, агарчӣ бояд барои ҳаққи худ кӯшиши бештар кунанд.

«Шогирд» аз раъйдиҳандагони ҳамватани худ дар Тоҷикистон даъват кардааст, ки ба интихоботи оянда ба чашми боз нигариста ва вакилони сазовори курсии порлумонро интихоб кунанд, то ин вакилон дар хидмати мардум бошанд.
XS
SM
MD
LG