Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти боз ду раҳбари Толибон дар Покистон


Матбуоти Ғарб дар бораи дар Покистон боздошт шудани боз ду фармондеҳи аршади Толибон хабар медиҳад. Расонаҳо аз қавли мақомоти Афғонистон менависанд, ки Толибон ин ду нафарро дар ду вилояти шимоли ин кишвар ба ҳайси волӣ таъйин карда буд. Яке аз боздоштшудагон Мулло Абдулсалом ва дуввумӣ Мулло Мирмуҳаммад ном доштаанд.
Дар авоили моҳи феврал дар Покистон Мулло Абдулғанӣ Бародар, ки баъд аз Мулло Умар раҳбари дуввуми Толибон шинохта мешуд, низ боздошт гардид.
XS
SM
MD
LG