Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тактикаҳои нави ду ҳизби умда дар интихобот


Дари хонаҳоро ангушт задани бонувони ҳиҷопӯш ба қасди тавзеъи баргаҳои таблиғотии ҲНИТ, дар мошинҳо насб кардани лавҳаҳои бузурги таблиғотӣ ва истифодаи баландгӯ, падидаест, ки дар Тоҷикистон бархеро муттаҳайир ва ҷамъеро ҳам ба натиҷаҳои интихобот хушбин мекунад.

Аммо ин худи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст, ки медонад ба чӣ мушкиле ин шеваи муборизаро пеш мебарад ва барои наафтодан аз сабқат чӣ монеъаҳоро бояд ки убур кард. То интихобот бештар аз як ҳафта вақт мондааст ва ин танҳо Ҳизби наҳзати исломӣ нест, ки барои пирӯзии худ талошҳои хастагинопазир анҷом медиҳад ва шеваи муборизаро тағийру таҷдид медбахшад.

Ҳизби ҳокими ҲХДТ сернуфустарин ҳизби кишвар низ токтик ё шеваи пешбурди тарғиботро тағийр дода, номзадҳои рақибро ҷиддан ба чолиш кашидааст. Ин ҳизб дар муқобили номзадҳои саршиноси мухолифин, нерӯмандтарин номзадҳои худро басиҷ кардааст. ҲХДТ дар Рашт ба Давлат Усмон яке аз чеҳраҳои мухолифони давлат, Шукурҷон Зуҳуров вазири ҳифзи иҷтимоиро рақиб рақиби интихоботӣ кардааст. Дар ноҳияи Сомонӣ Марҳабо Ҷабборова, ректори Донишкадаи давлатии забонҳо бо Ҳикматтулоҳ Сайфуллоҳзода номзад аз ҲНИТ вориди сабқат шудаанд.Дар ҳавзаи Рӯдакӣ Давлаталӣ Давлатзода, номзади ҲХДТ бо Маҳмадалии Ҳайит, яке аз номзадҳои саршиноси ҲНИТ, рақобат хоҳанд кард.

Зимнан дар ҳар як ҳавзаи интизоботӣ то 5 нафар номзад шудаанд, ки бахши умдаи онҳо ба ҲХДТ марбут ҳастанд. Аксар бар ин боваранд, ки номзадҳои иловагӣ ба хотири таҳкими номзади аслии ҳизби ҳоким истифода мешаванд. Ва дар охирин рӯзи сабқат эҳтимолан аз номзадии хуб ба фоидаи номзади аслӣ аслии ҳизби ҳоким даст мекашанд.

Мусо Асозода, аз чап
Мӯсо Асозода, раиси бахши душанбегии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, вуҷуди ин шеваи кориро аз ҷониби ҳизби худ комилан рад кард. Ва гуфт, ин ҳизб ба хотири пирӯзӣ бар рақибони худ шахсиятҳои ҳирфаиро рӯи кор овардааст. Ва ҳеҷ дасисае дар баробари рақибонаш анҷом нахоҳад дод. Ӯ гуфт, «ин назарҳо аз тарафи таҳлилгарон баён шудааст, аммо ҲХДТ чунин шеваро, ки гӯё номзадҳои диагрро барои пирӯзии номзади худ истифода барад, нодуруст аст. Қонун иҷоза додааст, ки аз як ҳизб чанд нафар метавонад пешниҳод шавад».

Чолишҳои ҲХДТ дар корзори интихобот аҳзоберо, ки аз камтарин имконот бархӯрдоранд багунае даступобаста кардааст. Ва беҳтарин коре, ки он метавонанд, анҷом диҳад танҳо як ду вохӯрӣ бо раъйдиҳандагон мебошад, ки дар интихоботҳои гузашта камтар ба назар мерасид. Ба ин гӯруҳ аҳзобе чун Ҳизби Сотсиал-демократ, Ҳизби демократӣ, Ҳизби Сотсиалистӣ, Ҳизби Коммунистӣ, Ҳизби Ислоҳоти иқтисодӣ, Ҳизби Аграрӣ шомиланд, ки токтики мушахас надоранд.

Масъуд Собиров, раиси Ҳизби демократӣ яке аз номзадҳо ба парлумон мегӯяд, ки ҳизбаш комилан дар чаҳорчӯби қонун фаъолият дорад
Масьуд Собиров
ва аз фаъолияти тарғиботи қаноатманд аст. Масъуд Собиров гуфт, “мо ягон камбудӣ надидем, ҳар он чӣ қонун иҷоза додааст, мо ҳам ҳизбамонро тарғиб карда истодаем».

Паёмҳои ҲНИТ ва Кабирии танҳо

ҲНИТ сарфи назар аз маҳдудиятҳои мавҷуда роҳи тарғиби барномаҳои худро пайдо кардааст. Ин ҳизб бо раъйдиҳандагон аз тарики почтаи электронӣ дар тамос аст ва аз фаъолити ҳаррӯзаи худ ба раъйдиҳандагон гузориш медиҳад. Ва шумо ҳам тариқи нишони nahzat.tj мушоҳида карда бошед, ки паёмҳои интихоботӣ мегиред. Вале дар баробари истифода аз техноложии ҷадид ҲНИТ усулҳои бобоиро низ аз ёд набурдааст. Гурӯҳи занони ҲНИТ ба паҳн кардани барномаҳои ҳизб миёни раъйдиҳандагон машғул аст. Аксари ин занон хона ба хона мегарданд ва барномаҳои ҳизбро дар шакли варакаҳо ба мардум мерасонанд.Дар ҳамин авохир ду нафар аз бонувони ҲНИТ дар маҳалаии 33 пойтахт ҳангоми дар манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон паҳн кардани варақаҳои таблиғотии ҳизб боздошт шудаанд ва акнун ҳизб барои чунин амалкарди кормандони мақомоти дохилӣ ба додгоҳ шикоят бурдааст.

Муҳиддин Кабирӣ
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ мегӯяд ки ҳарчанд ки ҳизби ҳоким тамоми василаи қонуниро барои корҳои тарғиботии онҳо бо ҳар роҳу восита маҳдуд мекунад, аммо ин шароити маҳдуд боз ҳам барои онҳо роҳҳои нав боз кард. Ҷаноби Кабирӣ афзуд, ки ҲНИТ бо мардум дар иртиботи мустақим қарор дорад ва то ҳол 80 дарсади барномаҳои худро ба онҳо расонидааст. Ӯ итминони комил дорад, ки то ба рӯзи интихобот раъйдиҳандагон аз 90 дарсади барномаи ҳизби онҳо огоҳ хоҳанд шуд. Ҷаноби Кабирӣ мегӯяд, «натиҷаи ин шева нишон дод, ки воқеан кори мусбат аст ва аллакай мо корҳоеро барои тарғиби ҳизб анҷом додем. Хона ба хонаи мардум паёми ҲНИТ –ро расондем ва дигар ин раъйи интихобкунанда аст, ки киро сазовор медонад».

Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Раёсати ҷумҳурӣ бо ишора ба тозагиҳои интихоботи парлумонӣ мегӯяд, ки то ҳол дар таърихи ҲХДТ ва ҲНИТ аз ин тактикаҳои ҷадид истифода нашуда буд. Аммо ӯ дар робита ба номзадҳои саршинос ба бартарии ҲХДТ ва зафъи ҲНИТ ишора мекунад. Ӯ мегӯяд, ки аз номдорони ҳизб танҳо Муҳиддин Кабирӣ мондааст. Бо вуҷуди фаъолияти баъди анҷоми ҷанг ин ҳизб натавонист чеҳраҳои рӯшанеро вориди сиёсат кунад. Ба гуфтаи ҷаноби Шарифов, дар ҳоле, ки мардум ҷанги шаҳрвандиро бо номи ин ҳизб пайванд медонанд, боз ҳам ҳизби исломӣ аз пуштибони чашмгири ҷомеаи Тоҷикистон бархӯрдор аст.

Ба бовари Сӯҳроб Шарифов, аз аҳзоби боқимонда мардум каму беш Ҳизби коммунистро бо Шодӣ Шабдолов, Ҳизби сотсиал–демократиро Раҳматтило Зоиров мешиносанд. Вале аҳзоби дигар ҳанӯз шинохта нашудаанд. Ӯ мегӯяд, «ва табиист ки ҳар ҳиз бо фаҳмиш ва имкониятҳои хеш дар интихобот корҳоии тарғиботӣ мебарад ва шеваи худро истифода мекунад. Дар бораи мувафақият ва камбудиҳои аҳзоб баъди интихобот хоҳем гуфт, ки чун ҳоло агар гӯем онҳо фикр мекунанд, ки мо онҳоро интиқод мекунем»

Поёни кор ба нафъи кист?

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик аз фаъолиятҳои ҲНИТ дар маъракаи интихоботӣ ситоиш карда, меафзояд ки бо вуҷуди он ки фазои интихоботиро танҳо ҲХДТ пур кардааст, боз ҳам ҲНИТ тавонистааст дар ин маърака ҷойи по пайдо кунад. Оғои Мулоҷҷонов афзуд, «ҲХДТ бо номзадҳои ҲНИТ афродеро пешниҳод кард, ки дар касбият ва таҷрибаи корӣ қавӣ ҳастанд. ҲНИТ дар маҳалаҳо фаъолона вохӯрӣ мегузаронад, номзадҳои зиёд ба маҷлисҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ пешниҳод кардааст, аммо ғайриҳирфаӣ ҳастанд ва ин аст, ки дар вохӯриҳо чандон бартарӣ нишон намедиҳанд».

Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, ҲХДТ аз захоири умда бархӯрдор аст ва фишангҳои корзори интихоботро низ зери назар дорад. Пайванди ин ҳизб бо раисҷумҳур ба сари худ чароғаки сабзест ба сӯи пирӯзӣ. Аз сӯи дигар, мақомоти расмӣ тақрибан ҳама дар хидмати ҳамин ҳизб ҳастанд ва табъан барои аҳзоби дигар, бахусус ҲНИТ, монеъаҳо эҷод мекунанд.

Истифодаи чунин фишангҳо аз ҷониби ҳукумат маънои онро надорад, ки эътимоди мардум ба ҲХДТ афзоиш меёбад, мегӯянд коршиносон. Раъйдиҳандагон аз инъккоси якҷонибаи таҳавулоти интихобот танҳо ба фоидаи ҳизби ҳоким ва лаб фурӯ бастани расонаҳои давлатӣ аз фаъолияти аҳзоби дигар қанотманд нестанд. Аксари коршиносон бетаваҷҷӯҳии мардум ба интихоботро ба ҳамин тавсифи аз ҳад беши ҲХДТ ва нодида гирифтани аҳзоби дигар марбут медонанд.
XS
SM
MD
LG