Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лондон хостори "ҳамкории комил"-и Исроил дар таҳқиқи шиносномаҳо шуд


Вазири умури хориҷии Бритониё, Дейвид Милибанд, имрӯз гуфт, кишвараш дар таҳқиқи истифодаи шиносномаҳои британӣ дар қатли фармондеҳи аршади Ҳамас аз Исроил "ҳамкории комил"-ро интизор аст. Баъд аз он ки Дубай номи 11 гумонбаршудаи куштори Маҳмуд ал-Мабҳуҳро дар моҳи гузашта нашр кард ва гуфт, онҳо шиносномаҳои аврупоӣ доштаанд, ангуштҳо ба сӯи хадамоти махфии Исроил нигаронида шуданд. Аз ин 11 нафар шаш тан шиносномаи бритониёӣ, се нафар ирлондӣ, ду нафар олмонӣ ва яке фаронсавӣ доштаанд. Бритониё ва Ирлонд эълом доштанд, ки шиносномаҳо қаблакӣ мебошанд ва сафирони Исроил дар Лондону Дублинро барои баррасӣ даъват карданд. Фаронса ва Олмон низ ҳувияти ду гумонбаршудаи дигарро зенри шубҳа гузоштанд. Сардори полиси Дубай, Даҳӣ Халфан гуфтааст, вай 99 дарсад мутмаин аст, ки қатли Мабҳуҳ кори дасти хадамоти Моссади Исроил аст. Исроил гуфтааст, ҳеҷ далеле дар даст доштани Моссад дар ин куштор мавҷуд нест.
XS
SM
MD
LG