Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ИМА ду намояндагии расмии Тоҷикистон фаъолият мекунад: яке намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ бо мақарраш дар Ню-Йорк ва дигаре сафорати Тоҷикистон дар Амрико дар Вашингтон.

Сироҷиддин Аслов, сафири Тоҷикистон дар СММ, ба радиои Озодӣ гуфт, фароҳам овардани имконот барои ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон дар интихоботи парлумонии кишвар вазифаи ниҳоди зери раҳбариаш аст ва ӯ аз ҳамаи шаҳрвандони кишвар, ки дар Ню-Йорк ваиаёлатҳои ҳамсоя иқомат мекунанд, даъват кард, ки рӯзи 28-уми феврал ба бинои намояндагӣ омада, ба номзадашон овоз диҳанд.

Оқои Аслов афзуд, ҳавзаи интихоботии мазкур рӯзи 28-уми феврал аз соати 9-и субҳ то 6-и бегоҳ дар бинои дафтари намояндагӣ кушода хоҳад шуд. Суроға: 216 East 49th Street, New York, NY. Телефон (212) 207-3315.

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Вашингтон ва атрофи он зиндагӣ мекунанд, метавонанд барои ширкат дар интихоботи парлумонӣ рӯзи 28-уми феврал ба бинои сафорати Тоҷикистон дар Вашингтон ҳозир шаванд. Консули Тоҷикистон Бурҳон Мирзоалиев гуфт, сафорат ҳамаи ҳуҷҷатҳо ва дастурҳои заруриро аз Комиссияи интихоботӣ тавассути Вазорати корҳои хориҷа дастрас намудааст. Ӯ гуфт, маълумоти зарурӣ дар бораи номзадҳо, ҳизбҳо, макон ва вақти баргузории интихобот дар сомонаи интернетии сафорат ҷой дода шудааст.

Ҷаноби консул аз шаҳрвандон даъват кард, ки рӯзи 28-уми феврал аз соати 9-и субҳ ба сафорати Тоҷикистон дар Вашингтон ҳозир шаванд ва вакилони худро интихоб намоянд. Суроғаи сафорати Тоҷикистон: 1005 New Hampshire Avenue, N.W., Washington D.C., 20037. Телефон 202-223-6090

Ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои овоздиҳӣ ба ҳавзаҳои интихоботии мазкур ҳозир мешаванд, бояд бо худ шиносномаҳои Тоҷикистонро дошта бошанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG