Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исломобод боздошти Мулло Бародарро тасдиқ кард


Низомиҳои Покистон дирӯз хабари боздошти фармондеҳи аршади Толибон Мулло Абдулғанӣ Бародарро тасдиқ карданд. Баёнияи сухангӯи аввали артиши Покистон генерал Атҳар Аббос нахустин таъйиди расмии дар Покистон таҳти боздошт қарор доштани Мулло Бародар маҳсуб мешавад.
Сухангӯи артиш ҷузъиёти боздошти фармондеҳи Толибонро ифшо накардааст. Мулло Бародар баъд аз асосгузори Толибон Мулло Умар раҳбари дуввуми ин гурӯҳи тундрав шинохта мешуд.
XS
SM
MD
LG