Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Ереван ба Боку дар масъалаи Қаробоғ


Вазири хориҷаи Арманистон Эдвард Наълбандиён Озарбойҷонро алайҳи сӯъиэҳтироми асли ҳаққи миллатҳо ба таъйини сарнавишти худ дар музокироти сарнавишти вилояти ҷудоиталаби Кӯҳистони Қаробоғ ҳушдор дод. Ҳамтои озарии ӯ Элмар Мамадёров рӯзе пеш изҳор дошт, ки Боку ояндаи Қаробоғро дар ҳайъати Озарбойҷон мебинад ва мавзӯъи муҳимтарини музокирот ҳалли мушкили ин сарзаминҳои ишғолшуда ва бозгашти озариҳои фирорӣ ба манзилҳои пешини худ дар ин вилоят мебошад. Аммо Наълбандиён дар посух гуфт, ки ҳаққи таъйини сарнавишти Қаробоғ бояд ба дасти мардуме дода шавад, ки дар ин сарзамин ба сар мебарад.
Вилояти умдатан арманинишини Қаробоғ дар авоили солҳои 90 дар пайи чанд соли ҷанг худро аз Озарбойҷон мустақил эълон кард.
XS
SM
MD
LG