Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имзои созиши таъсиси пойгоҳи Русия дар Абхозистон


Русия ва Абхозистон созишномае имзо карданд, ки ба Маскав иҷоза медиҳад, дар қаламрави ин минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон пойгоҳи низомӣ таъсис намояд. Созишномаи мазкурро имрӯз вазирони дифоъи ду тараф дар ҳузури Дмитрий Медведев - раиси ҷумҳури Русия ва Сергей Багапш - ҳамтои абхозистонии вай, дар шаҳри Маскав имзо карданд. Ба гуфтаи расонаҳои Русия, дар ин пойгоҳ, 1700 сарбоз, тӯпхонаҳои сангин ва системи дифоъи мушакӣ барои 49 соли оянда ҷойгир хоҳанд шуд. Гурҷистон барномаи истиқрори пойгоҳи Русияро маҳкум карда ва онро ғайриқонунӣ хонд. Русия баъди ҷанги кӯтоҳе бо Гурҷистон дар моҳи августи соли гузашта Абхозистон ва Осетияи Ҷанубиро ҳамчун кишвари мустақил ба расмият шинохтааст.
XS
SM
MD
LG