Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози Ҷоми даъвати AFC-2010


Марҳилаи ниҳоии Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё (AFC) - 2010 дар пойтахти Шри-Ланка - шаҳри Коломбо бо бозиҳои гурӯҳи «А» шурӯъ шуд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар бозии аввали худ аз дастаи Бангладеш бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.

Пӯлод Қодиров, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, дар бораи ин бозӣ ба веб-сайти AFC чунин ибрози назар кард: «Ин бозии хуб буд, ки ҳар кадом аз рақибон кӯшиш мекард се имтиёз ба даст орад. Чунон ки маълум шуд, Бангладеш ба бозӣ нисбат ба Тоҷикистон хубтар омодагӣ дидааст. Ҳарду даста имконоти голзанӣ доштанд, вале танҳо Бангладеш аз онҳо комилан истифода кард. Бозии аввал одатан пешгӯинашаванда аст. Ҳимоятгарони мо аз ӯҳдаи вазифаашон набаромаданд, ҳамлагарон бошанд, лаҳзаҳои мувофиқи голзаниро аз даст доданд».

Дар бозии дигари гурӯҳи «А» дастаи Мянмар ба дарвозаи тими мизбон – Шри-Ланка чаҳор голи беҷавоб зад.

Бад-ин тартиб дар ин гурӯҳ дастаҳои Мянмар ва Бангладеш бо сеимтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои якуму дуввум қарор доранд. Тимҳои Тоҷикистон ва Шри-Ланка бидуни имтиёз дар ҷойҳои севуму чаҳорум мебошанд.

Мунтахаби Тоҷикистон 18-уми феврал бо тими мизбон – Шри-Ланка бозӣ хоҳад кард.

Бар асоси низомномаи мусобиқот аз ҳар гурӯҳ ду даста ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд.

Барандаи Ҷоми даъвати AFC ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2011 роҳхат мегирад. Вале дар мавриди пирӯзии Ҳиндустон, дастае, ки ҷои дуввумро касб мекунад, соҳиби роҳхат ба мусобиқоти навбатии қаҳрамонии футболи Осиё хоҳад шуд.

ТАҚВИМИ БОЗИҲО

Даври 1-ум
16-уми феврал (сешанбе)

1. ТОҶИКИСТОН – Бангладеш – 1-2
2. Мянмар - Шри-Ланка – 4-0
17-уми феврал (чоршанбе)
3. Ҳиндустон - Қирғизистон, «Сугатадаса», 15:30
4. Кореяи Шимолӣ - Туркманистон, «Сугатадаса», 18:30

Даври 2-юм
18-уми феврал (панҷшанбе)

5. Шри-Ланка - ТОҶИКИСТОН, «Сугатадаса», 15:30
6. Бангладеш - Мянмар, «Сугатадаса», 18:30
19-уми феврал (ҷумъа)
7. Қириғизистон – Кореяи Шимолӣ, «Сугатадаса», 15:30
8. Туркманистон - Ҳиндустон, «Сугатадаса», 18:30

Даври 3-юм
20-уми феврал (шанбе)

9. ТОҶИКИСТОН - Мянмар, варзишгоҳи CR & FC, 14:30
10. Шри-Ланка - Бангладеш, «Сугатадаса», 14:30
21-уми феврал (якшанбе)
11. Ҳиндустон – Кореяи Шимолӣ, «Сугатадаса», 14:30
12. Туркманистон - Қирғизистон, CR & FC, 14:30

Бозиҳои ниманиҳоӣ
24-уми феврал (чоршанбе)

13. Ҷои 1 А – ҷои 2 В, «Сугатадаса», 15:00
14. Ҷои 1 В – ҷои 2 А «Сугатадаса», 18:30

27-уми феврал (шанбе)
Бозӣ барои ҷои 3-юм

15. Мағлубшудаи бозии 13 – Мағлубшудаи бозии 14, «Сугатадаса», 15:00

Бозии ниҳоӣ
16. Ғолиби бозии 13 – Ғолиби бозии 14, «Сугатадаса», 18:30

Эзоҳ: замони баргузории бозиҳо бо вақти Душанбе.
XS
SM
MD
LG