Дирӯз дар яке аз биноҳои Донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ дар Бишкек оташсӯзӣ рух дод. Бар асари ин сӯхтор як бахши бузурги ин бино, ки дар он китобхона ва маркази фанновариҳои иттилоотии донишгоҳ ҷойгир буд, ба коми оташ рафтааст. Идораи сӯхторнишонӣ мегӯяд, сабаби сӯхтор ё оташи сигор ваё вуҷуди нуқсон дар хутути барқи биност, ки бар асари ба ҳам бархӯрдани ноқилҳо шояд ба оташ печида бошад.
Донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ дар пойтахти Қирғизистон бо кӯмаки молии сармоядори шинохтаи Амрико Ҷорҷ Сорос таъсис ёфта, дар миёни макотиби олии минтақа аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.
Донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ дар пойтахти Қирғизистон бо кӯмаки молии сармоядори шинохтаи Амрико Ҷорҷ Сорос таъсис ёфта, дар миёни макотиби олии минтақа аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.