Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон мегӯяд, ки ба ҳар таҳрим посух медиҳад


Имрӯз Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Эрон гуфт, ки музокирот роҷеъ ба пешниҳод дар бораи моддаи ҷойгузини сӯхти ҳастаӣ то ҳол идома дорад. Вай зимни суханони худ дар як конфронси телевизионӣ гуфт, Эрон омода аст, "сӯхти ҳастаӣ"-ро ҳатто бо Амрико иваз кунад, то замоне, ки интиқоли он ҳамзамон сурат бигирад. Аҳмадинежод афзуд:

"Албатта, агар касе алайҳи Эрон иқдоме кунад, дигар посухи мо мисли дафъаҳои гузашта нахоҳад буд, ки бо насиҳату рӯшангарию... ҳей бихоҳанд тавзеҳ бидиҳему...., на..., ҳатман амали муттақобиле анҷом хоҳад шуд, ки мисли ҳамеша онҳоро пушаймон мекунад".

Дастури ҳафтаи гузаштаи Маҳмуди Аҳмадинежод дар бораи оғози ғанисозии уран дар сатҳи болотаре боис шудааст, ки аз Шӯрои Амнияти СММ бар зидди Эрон хостори таҳримҳои нав шаванд, то ин кишвар бо ғанисозии бештари уран дар оянда ба иҷоди аслиҳаи ҳастаӣ даст наёбад.
XS
SM
MD
LG