Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таваҷҷӯҳ ба овозхонии мазҳабӣ дар Тоҷикистон


Сарояндаи сурудҳои мазҳабӣ Муҳаммад Собир
Сарояндаи сурудҳои мазҳабӣ Муҳаммад Собир

Овозхонони тоҷик, ки таронаҳояшон ғолибан аз мавзӯҳои ишқӣ ва гоҳе ватанхоҳӣ иборат аст, андак - андак ба мавзӯҳои мазҳабӣ рӯ меоранд.

Аз ҷумла, пайравӣ ба овозхони нашидхони араб Самӣ Юсуф, ки дар Тоҷикистон ҳам мухлиси хеле зиёд дорад, аз ҷониби ҳамин ҳунармандони ҷавони тоҷик, афзудааст. Ва ҳоло ҷавононе рӯи саҳнаи ҳунар меоянд, ки оҳангҳояшон фарогири сирф мавзӯъҳои мазҳабист. Ахиран чанд таронаеро шунидам, ки ҳамагӣ бо ҳамин мазмун ва бо забонҳои тоҷикиву арабӣ суруда шудаанд.

Мардони худо, роҳи Худо пеша намоед,
Баҳри зафари дини ҳақ андеша намоед.
Имрӯз ҷаҳон, бе сухани зинда хароб аст
Иқдом ба ободии ин беша намоед.

Муҳаммадсобири Файзиддин хонандаи ин тарона, ки 23 сол дораду хатмкардаи бахши арабии Донишгоҳи миллӣ аст, ба саҳнаи ҳунар бо таронаҳои мазҳабиву насиҳатӣ ворид шудааст. Вай мегӯяд, шавқи оҳангхонӣ мисли аксар дигар овозхонон аз хурдӣ ӯро ором намегузошт ва чун таваҷҷӯҳи вай ба омӯзиши ислом бештар буд, ба худ танҳо иҷозаи сурудани ҳамингуна таронаҳоро медиҳад.

“Аслан дар васфи модар ва ватан ҳам месароям, ки ин чизҳо дурустанд. Тавре паёбари мо Мауҳаммад (с) ҳам мегӯянд, Ватан яке аз гӯшаҳои имон аст. Ва албатта кӯшиш мекунам, таронаҳое иҷро кунам, ки ислом онро қабул дорад”.

Ё Раб бар мо ҳалимӣ,
Раҳмону ҳам Раҳимӣ.
Модар додӣ чу ҳурам,
Макун аз ӯ ту дурам.

Овозхонии мазҳабӣ кори саҳл нест

Муҳамадсобирро шунаванди тоҷик ба мисли дигар хонандҳо наметавонад дар саҳнаҳои калони консертӣ бубинад ва оҳангҳояш ҳам клип нашудаанд. Зеро вай бештар дар ҷашнҳои диннӣ ва ё ҳангоми ташрифи меҳмонон аз кишварҳои исломӣ барои иҷрои таронаҳои мазҳабӣ даъват мешавад. Муҳаммадсобир мегӯяд овозхони мазҳабӣ будан ва ҳунарнамоӣ дар як доираи маҳдуд кори чандон саҳл нест, чун маъмулан дар Тоҷикистон даромади аслии овозхонон аз хисоби ширкат дар маросимҳои туйиву мардумӣ ба даст меояд. Ва ба маҳзи мушкили молӣ Муҳаммадсобир наметавонад албоми оҳангҳояшро мунташир кунад. Вай мегӯяд, имрӯз барои рушди ҳунараш ба кӯмаки як сармоягузоре ниёз дорад: “Ростӣ сарпарастҳо пайдо шуданд ва пешниҳод намуданд, ки ба хондани таронаҳои ишқӣ ё ба қавле дунявӣ гузарам, ва онҳо дар ин роҳ ба ман кӯмак хоҳанд кард, аммо ман дигар ин услубро интихоб кардаам ва аз роҳи худ намегардам.”

"Мусиқӣ дар Ислом ҷоиз аст, агар..."

Идеали Муҳаммадсобир дар ин ҷода Овозхони маъруфи нашидхон Сами Юсуф аст ва зоҳиран дар рафтору тарзи ороишу муйи ӯ низ як пайравӣ ба ин овозхон мушоҳида мешавад, аммо Муҳаммадсобир мегӯяд, бо ин ҳама эҳтиромаш ба Самӣ Юсуф мехоҳад, дар хондани таронаҳои мазҳаби роҳу равиши хоси худро дошта бошад.

Ин овозхони ҷавон мегӯяд, бо вуҷуди интихоби ҳамингуна услуби оҳангхонӣ борҳо аз сӯи мунаққидони мазҳабӣ, интиқод шудааст. Аммо ӯ ин ақидаро, ки дар ислом мусиқӣ ҷоиз, нест рад мекунад ва мегӯяд, таронаҳое, ки муҳтавои насиҳатӣ ва тарбивӣ доштаву бо истифода аз созҳои махсус эҷоду иҷро мешаванд, қобили қабуланд. Зеро тавассути чунин сурудҳо ҳам мешавад, ҷавононро ба роҳи ҳаққу ростӣ ҳидоят кард.
XS
SM
MD
LG