Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳо аз баргузории Анҷумани ваҳдат


Қирғизистон дар пешорӯи Анҷумани ваҳдат қарор дорад, ки гуфта мешавад, 23-юми март дар Бишкек баргузор хоҳад шуд ва намояндагони чаҳор гӯшаи ин кишварро гирдиҳам хоҳад овард.

Ба гуфтаи гурӯҳи тадорукотии таъсиси ин анҷуман, ҳар як вакили онро маҷлисҳои мардумӣ пешбарӣ мекунанд ва барои интихоби вакилон ягон маҳдудият мавҷуд нест. Дар як сӯҳбати мизи гирд, ки имрӯз бо иштироки депутатҳои парлумон, намояндаи президент, вакилони аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои иҷтимоӣ баргузор шуд, зарурати таъсиси ин анҷуман мавриди баҳс қарор гирифт.

Темир Ҷумақодиров, намояндаи президент, гуфт, ин анҷуман робитаи байни ҳукумат, созмонҳои ҷамъиятиву аҳзоби сиёсиро таҳким мебахшад. Вай афзуд, афкоре, ки дар анҷуман садо медиҳанд, зимни судури амру қарорҳои президент ва ҳукумат ба назар гирифта хоҳанд шуд.

Аммо Эмил Қаптағаев, раҳбари ҳизби «Улуу биримдик» ё «Иттиҳоди бузург» ва узви иттиҳоди ҷунбиши мардумӣ, гуфт, дар ҳоле, ки дар кишвараш қонуншиканиҳо авҷ гирифтаанд ва ҳукуматро аъзои як оила сарварӣ мекунад, ин анҷуман дар ваҳдати мардуми кишвараш ва гуфтугӯи байни аҳзобу ҳукумат ҳаргиз мусоидат нахоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, ҳукумат раҳбарони мухолифинро мавриди таъқиб қарор додааст ва иддае аз онҳо дар хориҷа ба сар мебаранд ва иддаи дигар ба зиндон маҳкум шуданд. Эмил Қаптағаев афзуд, генерал Исоқов, собиқ вазири хориҷа Аликбек Ҷекшенқулов, депутати парлумон Бақит Бешимов аз шумули онҳоянд.

Эндрю Тесорер, раҳбари дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Бишкек, иброз дошт, ки фақат иштироки намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ нуфузи Анҷумани ваҳдатро боло хоҳад бурд. Вай гуфт, мехоҳад бовар кунад, ки сӯҳбати мизи гирде, ки таъсис додаанд, низ дар оғози гуфтушуниди миёни ҳукумат ва мухолифин нақши худро хоҳад бозид.

Ирина Карамушкина, депутати парлумон аз ҳизби сотсиал-демократ, гуфт, Анҷумани ваҳдат вақте баргузор мегардад, ки ки обйектҳои стратегӣ аз даст рафтаанд ва дар кишвар аз устувории қонун асар намондааст. Вай афзуд, аммо тибқи ваъдаи президент Боқиев обйектҳои стратегӣ дар Қирғизистон ҳаргиз фурӯхта намешаванд.

Дар ҳамин ҳол, раҳбарони баъзе созмонҳои иҷтимоӣ бар ин боваранд, ки намояндагони онҳо ба Анҷумани ваҳдат, ки аз 23-юми феврал ба 23-юми март мавқуф гузошта шуд, роҳ нахоҳанд ёфт.
XS
SM
MD
LG