Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон иттиҳоми Амрикоро рад кард


Имрӯз Эрон суханони хонум Ҳилларӣ Клинтон-вазири умури хориҷаи Амрикоро маҳкум кард. Клинтон Эронро муттаҳам кардааст, ки он ба як "диктатураи низомӣ" табдил меёбад. Манучеҳри Муттакӣ-вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, худи Амрико "ба гунае ба диктатураи низомӣ кашонда шудааст" ва Вошигтон дар Ховари Миёна "сиёсатҳои нодуруст"-ро таблиғ мекунад. Хонум Клинтон ин суханонро рӯзи душанбе дар ҷараёни боздидаш аз Қатар изҳор дошт. Ба гуфтаи хонум Клинтон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ба сӯи диктатура равон аст, зеро Сипоҳи посдорон беш аз пеш қудратро ба даст мегирад. Вазири умури хориҷаи Амрико аз кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс боздид мекунад, то ҳимояти кишварҳои арабиро барои ҷорӣ кардани таҳримҳои нав бар зидди Эрон барои барномаҳои зиддунақизи ҳастаиаш ба даст орад.
XS
SM
MD
LG