Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Янукович рӯзи 25-ум савганд адо хоҳад кард


Расми адои савганди Виктор Янукович ба ҳайси раисиҷумҳури ҷадиди Украина ба рӯзи 25 феврал таъйин шуд.
Анна Герман, муовини раиси ҳизби минтақаҳои Янукович, гуфт, ки ӯ мавзӯъи ба бонкдори маъруф Серҳий Тигипко пешниҳод кардани мақоми сарвазириро баррасӣ мекунад.
Тигипко дар даври аввали интихобот дар рӯзи 17 январ баъд аз Янукович ва сарвазири феълӣ Юлия Тимошенко ҷойи севвумро гирифта буд.
Аммо Тимошенко аз эътирофи шикасти худ дар даври дуввум даст кашида, мехоҳад ҳанӯз то адои савганди Янукович далоили худ дар бораи вуҷуди тақаллуб дар ҷараёни интихоботро ба додгоҳ бисупорад.
Анна Герман аз Тимошенко даъват кард, истеъфо диҳад.
XS
SM
MD
LG