Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши ҷиноёт пас аз Қонуни афв


Кормандони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Восеъ як гурӯҳеро боздошт кардаанд, ки дар ғорати 26 дӯкони савдо дар ин ноҳия ва шаҳри Кӯлоб гумонбар дониста мешаванд.

Хайриддин Ҷафаров, муовини сардори Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи мазкур, мегӯяд, ин гурӯҳи чаҳорнафара, ки ҳар яке аз манотиқи гуногуни Тоҷикистон будаанд, дар моҳи декабри соли гузашта мувофиқи “Қонун дар бораи афв” аз зиндон раҳо шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, ин гурӯҳ, ки ҳамагӣ ҷавонанд, бо мақсади ба даст овардани маблағ давоми ду моҳи ахир ба ғоратгарӣ шуғл доштаанд. Инчунин ин манбаъ ҷиноят содир кардани ин гурӯҳро дар дигар манотиқи Тоҷикистон низ аз эҳтимол дур намедонад.

Дар ҳамин ҳол Раҳматалӣ Камолов, як коршиноси маҳаллӣ, мегӯяд, дубора рӯй овардани ҷавонон ба ҷиноят пас аз раҳоӣ аз зиндон ба омили бекорӣ бастагӣ дорад.

Вай меафзояд, дар ҳоле, ки онҳо аз маҳбас озод гардида, ҷои кори мувофиқе пайдо намекунанд, маҷбуранд дубора боз ба дуздӣ даст зананд. Аз сӯи дигар ба гуфтаи ӯ, пас аз раҳо шудан низ онҳо зери назорати ҷиддии мақомот қарор намегиранд.

Рустам Наботов, як коршиноси дигар, мегӯяд, ҷавонони зиёде бо вуҷуди бекорӣ даст ба ҷиноят намезананд. Аммо ба пиндошти ӯ, дубора даст задани ҷавонон ба ҷиноят пас аз раҳоӣ шаҳодати тарбияи нохуб ба роҳ мондан дар зиндонҳои Тоҷикистон аст.

Ҳоли ҳозир парванди ҷиноятии ин гурӯҳи боздоштшуда мутобиқи модаи 249 и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне даст ба дуздӣ задан, баррасӣ мешавад. Тибқи иттилои расмӣ ба ҷуз ин, давоми соли гузашта дар ноҳияи Восеъ 19 ҳодисаи дуздӣ ба қайд гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG