Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарма шоҳроҳи Душанбе-Хуҷандро бастааст


Тақрибан чаҳор километр роҳи миёни Душанбе-Хуҷанд аз тариқи ағбаи Майхура бар асари тарма баста шудааст. Ба иттилоъи вазорати нақлиёт ва мухобираи Тоҷикистон, дар ин минтақаи роҳ даҳ бор тарма фуромада, ҳаракати нақлиётро ғайримумкин кардааст. Масъулини вазорат ба хабаргузориҳои маҳаллӣ гуфтаанд, ки рӯзҳои наздик, баробари гармтар шудани ҳаво, хатари рехтани тарма дар ағбаи Майхура ва дигар минтақаҳои шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ба карат афзоиш хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG