Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии ҲНИТ аз боздошти мубаллиғони интихоботӣ


Шамсиддини Саид, сухангӯи ситоди интихоботии ҲНИТ
Шамсиддини Саид, сухангӯи ситоди интихоботии ҲНИТ

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо нашри як баёния аз нақзи бандҳои Қонуни интихобот аз тарафи мақомоти давлатӣ интиқод кардааст.

“БЕҶАЗО НАГУЗОРЕД”

Масъулони ин ҳизб бо нашри як баёния аз давлат хостаанд, кормандони ниҳодҳои давлатиеро, ки ба кори ҳавзаҳои интихоботӣ дахолат карда, монеи таблиғи номзадҳо мешаванд ва ваъдаи батакрори раиси ҷумҳур дар бораи шаффофияти интихоботро таҳти суол мебаранд, беҷазо нагузорад.

Шамсиддини Саид, сухангӯйи ситоди интихоботии ҳизби наҳзат, ки дар ҳузури хабарнигорон ва баъзе аз нозирони байнулмилалӣ сӯҳбат мекард, гуфт: “Баъзе аз масъулони давлатӣ ба хотири расидан ба ҳадафҳои шахсӣ ва таъмини пирӯзии ҳизби ҳоким дар ин интихобот омодаанд, ки қонун ва ваъдаи президентро бишкананд. Дар сурати беҷазо мондани хилофкорон ва идомаи чунин қонуншиканиҳо эътимоди ҷомеаи кишвар ва шикраткунандагони раванди интихобот ба демократӣ ва шаффоф будани интихобот коста мегардад”.

БОЗДОШТ БАРОИ ТАБЛИҒ


Баёнияи Ҳизби наҳзати исломӣ дар ҳоле пахш шуд, ки дар як ҳафтаи гузашта чор таблиғгари онҳо дар ноҳияи Ваҳдатро, ки дар мошинҳояшон аксҳои бузурги номзадҳои ин ҳизбро часпонида буданд, боздошт ва тӯли чанд соат нигаҳдорӣ карданд. Ҳамчунин, дар шаҳри Кӯлоб панҷ мубаллиғи ин ҳизб ҳангоми мулоқот бо интихобкунандагон аз сӯи мақомоти умури дохилӣ боздошт шуданд.

Намояндагони шӯъбаи умури дохилии шаҳри Кӯлоб гуфтанд, онҳо таблиғгарони ҳизби наҳзатро дар саҳни масҷид ҳангоми таблиғот боздошт карданд, ки ин хилофи қонун дар бораи интихобот аст. Вале масъулони Ҳизби наҳзати исломӣ мегӯянд, онҳо тибқи Қонуни интихобот ва мувофиқи барномаи муқарраркардаи Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон барномаи ҳизби худро ташвиқ менамуданд.

НОМАҲОИ БЕПОСУХ

Шамсиддини Саид, сухангӯйи ситоди интихоботии ҳизби наҳзат, гуфт, аз рӯйи чунин қонуншиканиҳо ба унвонии Кумисюни марказии интихобот, додситонӣ, ҳавзаҳои интихоботӣ ва ҳукуматҳои баъзе аз маҳалҳо нома фиристода, вале дар ҷавоб фақат сукути онҳоро дидаанд: “Мутаассифона, то ҳоло на аз Кумисюни марказии интихобот ва ниҳодҳои дигари давлатӣ посухи мусбат дарёфт накардем.

Агарчӣ мӯҳлати посух додан ба номаҳо дар қонун мушаххас шудааст. Мо баъзе аз ҷавобҳоро баъд аз муддатҳои тӯлонӣ дарёфт мекунем. Ҷавобҳое, ки ҳич чизро ҳал намеунанд. Мо дар ин ҷо як бетафовутии ҳукуматҳои маҳал ва ҳавзаҳои интихоботиро мебинем ”.

ҶАВОБИ КМИР

Мизроб Кабиров, муовини раиси Кумисюни марказии интихобот, ки бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, то кунун ба унвони ин ниҳоди интихоботӣ ҳудудан сад нома ворид шудааст, ки наздики панҷоҳ адади он танҳо аз тарафи намояндагони ҳизби наҳзат навишта шудааст.

Вале оқои Кабиров гуфт, аксари ин номаҳо роҷеъ ба мушкилиҳои ҷузъӣ будаанд, ки посухҳояшонро ба ҳизбҳо фиристодаанд. Вай уммед дорад, ки ин ҷавобҳо намояндагони ҳизбҳо, аз ҷумла ҳизби наҳзатро қаноатманд кардааст. “Зеро ки онҳо дубора аз болои қарорҳои қабулкардаи Кумисюни марказии интихобот ё аз болои ҷавобҳои ҳалшуда шикояте наовардаанд”,-гуфт Мизроб Кабиров.

ҲИЗБИ МАРДУМӢ?

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз қавли соҳибназарон баъд аз ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ба истилоҳ дуввумин ҳизби тавоно арзёбӣ мешавад, ки бо бештар аз 1 ҳазору 200 намояндаи худ вориди интихоботи Маҷлиси Намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ шудааст. Раҳбарияти ин ҳизб худро “ҳизби мардумӣ” унвон мекунанд ва мегӯянд, дар моҳе ҳудудан то ҳазор нафар ва он ҳам ҷавонон ба сафи ин ҳизб мепайванданд. Феълан аъзои ин ҳизб болиғ аз чиҳил ҳазор нафар гуфта мешавад ва дар интихоботи дафъаи гузашта дар соли 2005 ду нафар аз номзадҳояш вориди парлумон шуданд.

Воҳидхон Қосиддинов, муовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ, гуфт, шояд ба як нерӯи тавоно табдил шудани ҳизби наҳзат мақомотро нигарон кардааст ва онҳо барои пирӯзии худ аз тақаллуб ва фишор кор мегиранд: “Онҳо омодаанд, ҳатто ваъдаи президент дар бораи шаффофияти интихоботро қурбони ба даст овардани раъйи мардум ба нафъи ҳизби ҳоким кунанд. Мо аз ин чиз бештар меҳаросем”.

ШИКОЯТ АЗ КОНИБОДОМ


Ин дар ҳолест, ки Шокирҷони Ҳаким, муовини раҳбари Ҳизби сотсиал-демократ ва номзад ба вакилии парлумон аз ҳавзаи интихоботии ноҳияи Конибодом, низ дар сӯҳбат ба Озодӣ аз даст доштани кормандони ниҳодҳои давлатӣ ҳангоми таблиғи номзадҳо шикоят кард.

Вай гуфт, роҳбарони идораҳои давлатӣ дар Конибодом аз сокинон даъват кардаанд, ки ба тарафдории ҳизби халқӣ-демократӣ, ҳизбе, ки раҳбарии онро Эмомалӣ Рахмон ба ӯҳда дорад, раъй диҳанд: “Роҳбарони зинаҳои мухталиф, раисони маҳаллаву хоҷагиҳои деҳқонӣ ва директорони мактабҳоро ҷамъ карда, супоришу дастур дода истодаанд, ки ба фоидаи номзад аз ҳизби халқӣ-демократӣ кор кунанд”.

НАЗАРИ НОЗИРОН

Ҳайати нозирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар нахустин гузориши миёндаврии худ, ки ҳафтаи гузашта мунташир шуд, ҷараёни баргузории маъракаи интихоботӣ дар Тоҷикистонро мавриди интиқод қарор доданд. Дар ин гузориш аз нобаробарии шароити ширкати аҳзоби сиёсӣ, мудохилаи ҳукуматҳои маҳаллӣ ва номутобиқатии қонуни интихоботии ин кишвар бо мавозини байналмилалӣ изҳори нигаронӣ карда мешавад.
XS
SM
MD
LG