Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси номзадҳои ҳавзаи марказӣ


Дар баҳси интихоботии аҳзоби сиёсӣ, ки дар шаҳри Хоруғ баргузор шуд, ду номзад ба вакилӣ дар ҳавзаи 41-и Хоруғ Мирганд Шаҳбозов аз Ҳизби халқӣ-демократӣ ва Алим Шерзамонов аз Ҳизби сотсиал-демократ дар маркази таваҷҷӯҳ қарор доштанд.

Мирганд Шаҳбозов дар ин нишаст гуфт, аз сӯҳбату мулоқотҳое, ки то ба имрӯз бо интихобкунандагон дар маҳалҳо анҷом додааст, бовар дорад, ки мардум аз номзадии ӯ ҷонибдорӣ хоҳанд кард. Ба гуфтаи Шаҳбозов, мардум ӯро ҳамчунин бо корҳое, ки дар тӯли қариб 20 солаи фаъолият дар сохторҳои мақомот, аз ҷумла ба ҳайси садри Донишгоҳи Хоруғ, анҷом додааст, мешиносанд.

Номзади ҲСДТ Алим Шерзамонов гуфт, дар Бадахшон қишри камбизоати ҷомеа аксариятро ташкил медиҳад ва барномаи ӯ аз ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ин бахши ҷомеа иборат аст. Ба гуфтаи ӯ, вақти он расидааст, ки Бадахшонро дар парлумон овоз ва симои нав намояндагӣ кунад. Ҷаноби Шерзамонов бовар дорад, ки бо дарки ин зарурат интихобкунандагон ба ҷонибдориаш раъй хоҳанд дод.

Аммо номзади севвум дар ҳавза Алидод Чароғабдолов, намояндаи Ҳизби коммунист, гуфт, ки вай дар ин майдони талошҳои сиёсӣ рақиб надорад ва касе аз довталабонро рақиб намешуморад.

Тошбек Музофиров, як номзади ғайриҳизбӣ, масъулини Ҳизби демократро ба камрангии фаъолият ва муросокорӣ муттаҳам карда гуфт, ки дар дар ин баҳси аҳзоб вай дар симои раиси Ҳизби коммунист демократи ҳақиқиро дидааст, ки камбудиҳои ҷомеаро фош гуфтааст. Вай ҳамчунин ҲХДТ ва бархе аз аҳзоби дигарро интиқод кард, ки фақат аз дастовардҳояшон сухан мегӯянд ва камбудиҳоро нодида мегиранд.

Коршиносони маҳаллӣ бар ин назаранд, ки дар ҳавзаи интихоботии 41-и Хоруғ сабқати аслӣ байни номзадҳои ҲХДТ ва ҲСДТ – Мирганд Шаҳбозов ва Алим Шерзамонов сурат хоҳад гирифт, ки ҳарду номзад ба пирӯзии худ боварии комил доранд.
XS
SM
MD
LG