Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти Сандуқи байналмилалии пул аз Тоҷикистон


Аксел Шиммелпфенниг, раҳбари намояндагии Сандуқи байналмилалии пул (СБП) дар Тоҷикистон
Аксел Шиммелпфенниг, раҳбари намояндагии Сандуқи байналмилалии пул (СБП) дар Тоҷикистон

Раҳбари ҳайати Сандуқи байналмилалии пул дар Тоҷикистон гуфтааст, ин ниҳоди байналмилалии молӣ аз иқдоми Тоҷикистон дар татбиқи барномаҳои энержияш пуштибонӣ мекунад.

Аксел Шиммелпфенниг, раҳбари намояндагии Сандуқи байналмилалии пул (СБП) дар Тоҷикистон баъд аз мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ин ниҳоди молӣ ба манзури рафъи мушкилоти бебарқӣ дар Тоҷикистон аз иҷрои барномаҳои энержӣ ва обу барқӣ ин кишвар ҳимоят мекунад.

Аксел Шиммелпфенниг дар айни ҳол таъкид кардааст, ки ҳукумати Тоҷикистон дар ёд дошта бошад, ки дар иҷрои барномаҳои энержии худ аз мутахассисони вазрида бояд кор бигирад ва мутахассисони баланпояи соҳаи энержиро тарбия намояд.

СБП дар соли 2010 40 миллион доллари дигар барои Тоҷикистон ихтисос хоҳад дод. Хабаргузории “Азия плюс”, аз қавли Аксел Шиммелпфенниг менависад, ки эҳтимол СБП бо ҳадафи пуштибонӣ аз рушди иқтисодии Тоҷикистон дар нимаи аввали соли равон ба ҷумҳурӣ 40 миллион доллар тахсис диҳад.

Аксел Шиммелпфенниг ҳамчунин гуфтааст, ки СБП ба иқдоми зидди бӯҳронии ҳукумати Тоҷикистон, ки соли гузашта раҳандозӣ шуданд, баҳои баланд медиҳад.
XS
SM
MD
LG