Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбати телефонӣ аз ҳамтои туркманаш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов даъват кардааст, ки ба Тоҷикистон сафари давлатӣ анҷом диҳад. Бино ба иттилои дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурӣ, президенти Туркманистон ин даъвати Эмомалӣ Раҳмонро қабул кардааст ва гуфтааст, ки дар остонаи Наврӯз бо як сафари давлатӣ вориди Тоҷикистон хоҳад шуд. Дар сӯҳбати телефонӣ ҷонибҳо масоили рушди ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ кардаанд.