Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси гумруки фурӯдгоҳи байналмилалии Хуҷанд ҳабс шуд


Додгоҳи вилояти Суғд сардори хадамоти гумруки фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд Мусайям Қодировро бо ҷурми ришватхорӣ, қочоқи маблағҳои калон ба хориҷа ва сӯйистифода аз мансаб ба 8 соли зиндон маҳкум кард.

Ҳотам Назаров, раиси додгоҳи ноҳияи Ашт ва додгустари ин парванда, гуфт, «Мусайям Қодиров барои пинҳонӣ ва бидуни асноди гумрукӣ интиқол додани 700 ҳазор доллари як тоҷири истаравшанӣ тавассути хатсайри Хуҷанд-Душанбе-Урумчӣ бар ивази 900 доллар ришва мусоидат кардааст».

Вай азфуд, ки мақомоти тафтишоти аввалия аз дафтари кории сардори хадамоти гумруки фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд ҳамчунин 55 грамм маводи нашъаовари героин пайдо кардаанд.

Ба сурати умум Мусайям Қодиров аз рӯи 5 банди асноди ҷиноӣ - ришватхорӣ, қочоқи маблағҳои калон, сӯйистифода аз мансаб, муомилаи ғайриқонунӣ бо маводи мухаддир, айбдор мешавад.

Мусайям Қодиров қаблан намояндагии сардори хадамоти гумрук дар вилояти Суғд ва ҷонишини раиси вилоятро бар ӯҳда доштааст.

Ин барои аввалин бор аст, ки чунин як мақоми баландпояи ниҳоди гумруки вилояти Суғд дар заминаи ришвахорӣ ва сӯйистифода аз мансаб зиндонӣ мешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG