Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меъёрҳои нав барои сафари қирғизҳо ба Ӯзбакистон


Ҳукумати Ӯзбакистон муқаррароти наверо ҷорӣ кардааст, ки бар асоси он шаҳрвандони Қирғизистон ҳақ доранд, дар як моҳ танҳо як маротиба ба он кишвари ҳамсояаашон сафар кунанд. Бино ба гузориши бахшҳои ӯзбакӣ ва қирғизии Радиои Озодӣ, муқаррароти нав ба зиндагии даҳҳо ҳазор нафар узбактаборони Қирғизистон таъсири манфӣ хоҳад гузошт, ки ба назди хешовандони худ дар Ӯзбакистон равуои зиёд мекунанд. Мақомоти расмии Ӯзбакистон ҳанӯз сабабҳои ин тасмими хешро шарҳ надодаанд. Бештар аз 15 дар сади аҳолии панҷуним миллион нафарии Қирғизистонро ӯзбакҳо ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG