Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барак Обама Януковичро табрик гуфт


Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи панҷшанбе дар тамоси телефоние бо Виктор Янукович ӯро барои интихоб шуданаш ба мақоми раиси ҷумҳур табрик гуфта ва дар кораш муваффақият хостааст. Кохи Сафед гуфт, Барак Обама мардуми Украинро барои баргузор кардани интихоботи шаффофу одилона ситоиш карда ва онро “як қадами мусбати дигар дар роҳи тақвияти демократия дар Украина” хондааст. Ҳар ду раҳбар ҳамчунин ба идомаи ҳамкориҳо дар амри манъи густариши силоҳҳои атомӣ таъкид варзида ва ба варзишгарони ҳар ду кишвар дар бозиҳои олимпии зимистонаи Ванкувер муваффақият хостаанд. Виктор Янукович дар даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳури рӯзи 7 феврал тақрибан севуним дар сади раъйи бештар ба даст оварда ва нахуствазир Юлия Тимошенкоро шикаст дод. Аммо Юлия Тимошенко то кунун мағлубияти хешро эътироф накардааст.
XS
SM
MD
LG