Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати дастикам 15 нафар дар Баннуи Покистон


Имрӯз бар асари ду бомбгузорӣ дар шаҳри Банну, дар шимолуғарби Покистон, дастикам 15 нафар кушта ва 20 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Пулис мегӯяд, бовар меравад, ки ҳарду ҳамла бо дасти маргталабон анҷом шуда бошад.
Таркиши аввал дар дохили қароргоҳи пулис ва инфиҷори дуввум дар ҳошияи ин сохтмон рух додааст.
Бар асари ин таркишҳо 7 афсари пулис низ кушта шуда, раҳбари пулиси шаҳри Банну ҷароҳат бардоштааст.
Банну дар наздикии Вазиристони шимолӣ, як пойгоҳи ҷангиён дар марз бо Афғонистон воқеъ аст.
XS
SM
MD
LG