Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳо дар Теҳрону Машҳад ва Исфаҳону Шероз


Имрӯз дар ҷараёни таҷлили солгарди 31-уми инқилоби исломии Эрон миёни нирӯҳои тарафдори давлат ва ҷонибдорони мухолифин даргириҳои парокандае сурат гирифтааст.
Дар ҳошияи гирдиҳамоии бузурги тарафдорони давлат дар Теҳрон ҷонибдорони мухолифин низ даст ба эътирозҳо задаанд.
Тазоҳуроти мухолифин имрӯз дар шаҳри ҷанубии Шероз ва дар дигар манотиқи Эрон доир шудаанд. Дар Машҳад, бино ба хабарҳо, беш аз 100 нафарро боздошт кардаанд.
Бино ба хабарҳои тасдиқношуда, дар Исфаҳон низ дасткам 20 тан аз тарафдорони мухолифин боздошт шудаанд.
Раҳбари мухолифин Маҳдии Каррубӣ ва раисиҷумҳури собиқ Муҳаммади Хотамӣ ҳадафи ҳамлаи тундравон қарор гирифта, нирӯҳои амниятӣ бародари Хотамӣ - Муҳаммадризои Хотамиро ҳамроҳ бо ҳамсараш Заҳро Ишроқӣ, ки набераи асосгузори инқилоби исломии Эрон оятуллоҳ Рӯҳуллоҳ Хумайнист, барои муддати кӯтоҳе боздошт кардаанд.
XS
SM
MD
LG