Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти ҲХДТ аз комиссияи ҳавзавӣ


Созмони ҳизби халқии демократӣ дар шаҳри Истаравшан аз қонуншиканиҳои комиссияи ҳавзавии интихоботии ин маҳал дар мавриди сабти номи номзадҳо ба интихоботи маҷлиси шаҳрӣ ба КМИР ва додситонии маҳал шикоят бурдааст.

Масъулини созмони истаравшании ҳизби мазкур бо ироаи як номаи расмӣ аз комиссияи шаҳрӣ, ки аксарияти аъзояшро коммунистон ташкил медиҳанд, тавзеҳ хостаанд, вале комиссия онро беҷавоб гузоштааст.

Барои нахустин маротиба як созмони маҳаллии ҳизби ҳукмрон дар вилояти Суғд дар давраи интихоботӣ аз қонуншиканиҳо ва бартариҷӯиҳои як рақиби аслиаш - ҳизби комунистӣ садо баланд мекунад.

Баҳодур Восидов, раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан, гуфт, аз он бим дорад, ки бартарии намояндагони ҳизби коммунистӣ дар комиссияҳои интихоботӣ ва нуфузи ин ҳизб миёни мақомоти маҳал метавонад ба натиҷаи интихобот ба маҷлиси ин шаҳр таъсир гузорад: «Пеш аз ҳама, бар зидди баъзе номзадҳои мо нафарони худпешбариро, ки ҷавобгӯ ба қонуни интихобот нестанд, сабти ном карданд. Масалан, як нафари зери синни 18 - ро дар ҳавзаи шаҳрии рақами 26, номзади дигари ҳизби комунистиро ба ҷои номзади пленум пешниҳоднамуда дар ҳавзаи 5 – ум, ҳатто дар ҳавзаи 38 касеро, ки шиноснома надорад ва шахсияташ маълум нест ва ба гумони мо, шаҳрванди ҷумҳурии Узбакистон мебошад.»

Вай афзуд, зиёд будани намояндагони ҳизби коммунистӣ дар комиссияҳои маҳаллии интихоботӣ дар Истаравшан ва нуфузи он миёни мақомоти маҳаллӣ метавонад ба натиҷаи интихобот ба маҷлиси шаҳрӣ таъсири барои ҳизби ҳукмрон номатлуб расонад.

Ноҳияи Истаравшан ягона минтақае дар вилояти Суғд ҳисоб меёбад, ки ҳизби коммунистӣ бо ҳудуди 2.5 ҳазор узв аз нуфузи бештаре миёни мақомот ва аҳолии ин маҳал бархурдор мебошад. Дар маҷлиси ҳозираи вакилони шаҳри Истаравшан, иборат аз 40 вакил, аксариятро коммунистҳо ташкил медиҳанд. Ин навбат ҳам ҳизби коммунистӣ дар ин минтақа ба интихоботи маҷлисҳои намояндагон ва вилоятӣ намояндагони худро ворид накарда, тамоми нерӯи худро барои ҳар чӣ бештар ба даст овардани курсиҳои маҷлиси маҳаллӣ равона кардааст. Дар 40 ҳавзаи шаҳрии Истаравшан 35 номзади ҳизби коммунистӣ бо 38 намояндаи ҳизби ҳукмрон ба саҳнаи рақобат ворид шудаанд.

Гирифтани номаи шикоятии созмони ҳизби халқии деморатиро Аслон Аҳроров, раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии маҷлиси вакилони шаҳри Истаравшан, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард. Вале, ба гуфтаи вай, мехостанд ба нома ҷавоби хаттӣ гардонанд, аммо як «гурӯҳи кории мақомоти ҳукумати Суғд» аъзои комиссияро аз ин боздошт: «Гуфтанд, ки шумо ба ягон тараф, ягон кас маълумот намедиҳед. Ҳеҷ кас ҳам ҳақ надорад ба шумо фишор биёрад. Гуфтанд, ки кӣ бошад ҳам, интихоботро гузаронидан гирад, гапаш бошад, баъд мегӯяд. Мо ба номаи созмони ҳизби халқии демократӣ ҷавоб доданӣ будем, ҳамин чиз моро боздошт.»

Вале вай дар посух ба ин савол, ки оё воқеан номзадҳои бидуни шиноснома ва шаҳрванди Узбакистон ҳам ба интихоботи маҷлиси вакилони шаҳри Истаравшан ба ҳайси номзад роҳ ёфтаанд, гуфт,
«Ба маълумоти шумо, ман чанд рӯз пеш ба органҳои маъмурӣ дархост пешниоҳд намудам, ки доир ба шахсият ва ҳайсияти тамоми номзадҳо ба комиссия маълумот пешниҳод намоед. Ман ҳуқуқи ба хислати граждании ягон кас расидан надорам. Ин вазифаи органҳои маъмурӣ аст.»

Дар пайи чунин посух созмони ҳизби ҳукмрони халқии демократӣ ба КМИР ва додситонии маҳал шикоят бурда, ҳалли ин мушкилро тақозо кардааст.
XS
SM
MD
LG