Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО мухолифи фурӯши киштӣ ба Русия нест


Ҷеймс Аппатурай - сухангӯи Паймони Низомии Атлантикаи Шимолӣ, гуфт, раҳбари ин созмон мухолифи фурӯши киштии ҷангии тавлиди Фаронса ба Русия нест. Ҷеймс Аппатурай ҳамчунин гуфт, Андерс Фог Расммусен – дабири кулли паймон, Русияро ҳамчун “хатар” арзёбӣ намекунад ва “умедвор аст Русия низ НАТО-ро хатар намепиндорад”. Ин баёнияҳои НАТО баъди он садо дод, ки Русия ахиран гуфт, талошҳои НАТО, барои истиқлолияти Русия таҳдид мекунад. Ҷеймс Аппатурай, гуфт, дабири кулли НАТО огаҳ аст, ки баъзе аз кишварҳои узв аз эҳтимоли фурӯши киштии пешрафтаи ҷангии фаронсавӣ ба изтироб афтодаанд. Дар сурати анҷоми ин муомилаи низомӣ, нахустин бор хоҳад буд, ки Русия аз як узви НАТО, муҳимоти пешрафтаи низомӣ мехарад. Киштии Мистрали фаронсавӣ қодир ба ҳамли 16 чархбол ва 760 сарбоз ва ҳамчунин қодир ба шино дар тунукоб мебошад.
XS
SM
MD
LG