Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯгоҳҳои бетаъмир ва фарсудаи Варзоб


Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири ҳукумат аз раҳбарони ниҳодҳои зидахл тақозо кард, то тарҳрезӣ ва сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, аз ҷумла «Роғун», «Сангтӯда-2», «Нуробод-1», «Нуробод-2» ва нерӯгоҳи «Шурообод»-ро суръат бахшанд.

Ин дар ҳолест, ки давлати Тоҷикистон барои сохтмони ин нерӯгоҳҳо на пул дорад ва на аз тавони фаннӣ бархурдор аст. Ҳукумат дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун бо пули сокинони ҷумҳурӣ умед бастааст ва дар эҳдоси нерӯгоҳҳои Нуробод - ба Чин ва нерӯгоҳи Сангтӯда-2 ба Эрон менигарад.

Далели аслии кашолкориҳо дар таъмиру навсозии нерӯгоҳҳо ғайриқонунӣ ва ба дигар мақсад истифода кардани маблағҳост ...
Аз сӯи дигар барои навсозӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани силсиланерӯгоҳҳои Варзоб-1, Варзоб-2 ва Варзоб-3 давлати Ҳинд беш аз 17 миллион доллар кумаки билоиваз тахсис додааст. Вале давлат дар навсозии ин силсиланерӯгоҳҳо аҷал намекунад. Дар ҳоле, ки ба эътиқоди Ғуломиддин Сайфиддинов, коршиноси бахши энержӣ, дар сурати навсозӣ силсиланерӯгоҳҳои Варзоб имкон дорад, ноҳияи Варзоб ва як бахши шаҳри Душанбе бо барқ таъмин шавад.

Ҷаноби Сайиддинов далели аслии кашолкориҳо дар таъмиру навсозии нерӯгоҳҳоро дар ғайриқонунӣ ва ба дигар мақсад истифода кардани маблағҳо медонад.

Вай гуфт, «барои мисол, сохтмони нерӯгоҳи Ҷиргатолро Бонки исломӣ сармоягузорӣ мекунад. Азбаски ин бонк масрафи сармояи худро контрол мекунад, мақомот наметавонад, ки пулҳоро ба мақсади дигар истифода барад. Ба ин далел раванди сохтмон дар нерӯгоҳи Ҷиргатол хуб аст».

Вале мақомоти Вазорати энержӣ ва саноати ҷумҳурӣ ин иддаоҳоро рад карда мегӯяд, ки тавлиди таҷҳизотҳои ҷадид барои нерӯгоҳи Варзоб-1 марбут ба корхонаҳои Ҳинд ҳастанд.

Тоҷинисо Азизова, сухангӯи Вазорати энержӣ ва саноат, дар ин бора гуфт, тавлиди таҷҳизотҳо дар корхонаҳои Ҳинд идома дорад ва ин корҳо 47 дарсад иҷро шудааст. Вай афзуд, дар авохири моҳи декабри соли 2009 як гурӯҳ мутахассисони ширкати «Бихел»-и Ҳинд барои иҷрои корҳои навсозӣ дар нерӯгоҳи Варзоб-1 вориди Тоҷикистон шудаанд. Мақомоти ҳамин вазорат гуфтаанд, ки нерӯгоҳи Варзоб-2 ба далели фарсуда шудани дастгоҳу агрегатҳо аз кор мондааст.

Аммо Ғуломиддин Сайфиддинов бар ин бовар нест. Ба гуфтаи вай, далели аз кор мондан фарсудагии дастгоҳҳо нест, балки беаҳамиятӣ ва ба мақсади дигар истифода шудани пулҳои ихтисосдоа дар таъмири саривақтии ин нерӯгоҳ аст.

Дар ҳоли ҳозир навсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи "Варзоб-1"-ро корхонаи «Энергоремонт»-и ҷумҳурӣ бар ӯҳда дорад.

Тоҷинисо Азизова, сухангӯи Вазорати энержӣ, гуфт, ки дар ҳоли ҳозир беш аз 90 дарсади корҳо анҷом шудааст ва дар охири соли 2010 васли таҷҳизот роҳандозӣ хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки нерӯгоҳи Варзоб-3 ба далели набудани об дар канали обёрии Варзоб аз кор мондааст. Таъмири ин канал ва қубурҳои обрав низ амсоли навсозии нерӯгоҳи Варзоб-1 тӯл мекашад. Ҳатто комиссиёни вижаи ташкилшудаи шомили мақомоти ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва ҳукумат низ натавонист ба анҷоми ин корҳо суръат бахшад.

Коршинос Ғуломиддин Сайфиддинов далели кундкорӣ дар навсозии силсиланерwгоҳҳои Варзобро тахсиси кумаки билоивази созмонҳои сармоягузор медонад, ки худи кумаккунандаҳо масрафи ин пулро контрол намекунанд.

Дар ҷаласаҳои ҳукумат, парлумон ва нишастҳои матбуотии Вазорати энержӣ ва саноат борҳо мавзуи сирқати пули грантҳо барои сохтмони нерӯгоҳҳои хурд матраҳ шудааст. Дар ин замина парвандаиҳои ҷиноӣ низ боз шудааст. Вале дар бораи он, ки ин ашхос муҷозот шудаанд, иттилое вуҷуд надорад.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон рушди бахши энержиро дар авлавияти барномаҳои худ қарор додааст ва тасмим дорад, бо сармояи мардум нерӯгоҳи Роғунро бисозад.
XS
SM
MD
LG