Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cафари ҳайати Тоҷикистон ба Амрико


Боздиди як ҳайати кории Тоҷикистон ба сарпарастии Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон аз Амрико зимни як барномаи густарда идома дорад.

Бар пояи барномаи пешбинишуда қарор аст, дар Вашингтон машваратҳои сисёсӣ анҷом бигирад ва ҳамкориҳо дар бахшҳои илму маориф, иқтисод, иҷрои тарҳҳои энержӣ, ҳамлу нақли коло, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, мубориза бо терроризм ва вазъ дар Афғонистон баррасӣ шавад.

Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, 9-уми феврал вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Бенҷамин Кардин-узви Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико ва раиси кумиссиюни Ҳелсинкии Сенат дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар ин мулоқот аз ҷумла, густариши муносибатҳои дарозмуддат ва мунтазами ҳар ду кишвар дар масоили таъмини амнияти минтақаӣ баррасӣ шуд. Дар ин мулоқот бори дигар ҷонибҳо таъкид карданд, ки Амрикову Тоҷикистон ду кишвари узви эътилофи байналмиллалии зидди террор ба шумор мераванд ва дар бозсозии иқтисод ва таҳкими сулҳ дар Афғонистон саҳм хоҳанд гирифт.

Дар Вашингтон Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин бо Ричард Ҳолбрук, фиристодаи Амрико барои Афғонистон ва Покистон мулоқот анҷом дод. Дар ин мулқот Ричард Ҳолбрук изҳор дошт, ки Амрико роҷеъ ба масоили Афғонистон ва Покистон сиёсат ва стратегияи худро бознигарӣ хоҳад кард.

Дар таркиби ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин Пӯлод Муҳиддинов, муовини аввали вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон, Рустам Назаров, раиси Ожонси мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон, Шералишоҳ Мирзо, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва намояндагони вазоратҳои молия, вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ҳастанд.
XS
SM
MD
LG