Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Янукович хостори истеъфои Тимошенко шуд


Виктор Янукович, барандаи зоҳирии интихоботи раёсатҷумҳурии Украина аз рақибаш Юлия Тимошенко даъват кардааст, аз мақоми сарвазир истеъфо диҳад.
Имрӯз Куммиссиюни марказии интихоботи Украина гуфт, бар асоси шумориши муқаддамотии оро, дар даври дуввуми интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ Виктор Янукович бо касби наздики 49 дарсади оро пирӯз шудааст. Янукович бо нашри як изҳорот аз Тимошенко хостааст, ба хотири ҷилавгирӣ аз бӯҳрони ҷадид истеъфо дода, ба мухолифат гузарад.
Тимошенко ҳанӯз шикасташро эътироф накардааст ва ҳизби ӯ гуфтааст, ки натоиҷи шумориши оро дар бархе вилоёт ва натоиҷи умумии интихоботро тавассути додгоҳ ба чолиш хоҳад кашонд.
XS
SM
MD
LG