Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи аккос ва филмбардор дар Узбакистон


Умеда Аҳмадов адр даромадгоҳи бинои додгоҳ
Умеда Аҳмадов адр даромадгоҳи бинои додгоҳ

Дар Узбакистон муҳокимаи аккос ва филмбардор Умеда Аҳмадова, ки аз тарафи мақомоти давлатӣ дар тӯҳмат ва паст задани шарафи миллии мардуми узбак айбдор мешавад, идома дорад.

Мақомоти давлати Узбакистон аккос ва филмбардори саршиноси ин кишвар, Умеда Аҳмадоваро ба таҳқир ва тахриби симои Узбакистон айбдор мекунанд.
Ҳаргиз, ҳатто ба гӯшаи хаёлам наомадааст, ки аксҳои ман ба ҳайси тӯҳмат ба ватанам ва мардумам дониста мешаванд. Ман ҳоло аз ҳама ҷиҳат дар вазъи мушкил қарор дорам...

Вазорати фарҳанги ин кишвар силсилаи аксҳои Аҳмадова таҳти унвони "Зан ва мард. Аз субҳ то шом" ва филми ӯ "Бори бакорат"-ро, ки дар он зиндагӣ ва машаққати мардуми деҳоти Узбакистонро ба намоиш гузоштааст, тӯҳмат ва беобрӯкунии миллат меномад. Дар сурати исбот шудани ин айбнома ба Аҳмадова ду сол кори иҷборӣ дар урдугоҳ ё шаш моҳи зиндон таҳдид мекунад.

Аммо худи ӯ ин айбномаро беасос меномад ва мегӯяд, дар корҳои ӯ танҳо расму оин ва суннатҳои мардуми Узбакистон бозтоб ёфтаанд. Дар гуфтугӯе бо бахши узбакии Радиои Озодӣ, Аҳмадова гуфт, ҳаргиз ҳадафе надоштааст, ба иззати нафси касе бирасад: "Ҳаргиз, ҳатто ба гӯшаи хаёлам наомадааст, ки аксҳои ман ба ҳайси тӯҳмат ба ватанам ва мардумам дониста мешаванд. Ман ҳоло аз ҳама ҷиҳат дар вазъи мушкил қарор дорам."

Аҳмадоваи 54-сола рӯзи 16-уми декабр боздошт шуд. Моҳи гузашта мақомот барои ӯ вакили дифоъ таъин карданд ва ҳамзамон гурӯҳи таҳлили филму аксҳои ӯро таъсис доданд.

Ин гурӯҳ Аҳмадоваро айбдор кард, ки аз ҳаёт ва урфу одати мардуми узбак тасвири манфие бардоштааст ва узбакҳоро ба ҳайси "барбариён"-е нишон додааст, ки гӯё дар қуруни вусто ба сар мебаранд.

Ин ҳайат хулоса кардааст, ки "90 дарсади аксҳои бардоштаи Аҳмадова дар деҳоти дурдаст гирифта шудаанд, чаро ӯ натавонистааст, аз ҷойҳои зебо, биноҳои замонавӣ ва деҳаҳои некӯаҳволро акс бигирад?"

Ба навиштаи таҳлилгарони додгоҳ, "муаллиф асосан ба ду анъана тамаркуз кардааст, ки яке никоҳ ва дигаре хатна аст. Дар ҳарду ҳолат одамон дар ҳоли гиристан тасвир ёфтаанд. Арӯсон бо ашки чашм ба волидони худ падруд мегӯянд ва писарҳои хурдсол аз тарси хатна мегирянд. Муаллиф воқеан мехоҳад, мардуми узбакро барбарӣ намудор кунад."

Гурӯҳ ба натиҷае расидааст, ки Аҳмадова аз узбакҳо қурбониёни бечора ва беилоҷро нишон медиҳад.

Дар филми мустанади "Бори бакорат", ки аз тарафи ӯ ва ҳамсараш Олег Карпов таҳия шудааст, анъанаи ҳифзи бакорати духтарон то шаби никоҳ баррасӣ мешавад. Дар он зане саргузашти худро ҳикоят мекунад, ки пас аз шаби аввал дар хонаи домод ба иллати бокира набуданаш ронда шудаст ва солҳост бар замми бадномии худу хонадонаш наметавонад, шарики ҳаёт пайдо кунад.

Вокуниш ба и филм дар Узбакистон гуногун буд. Бархе аз мунаққидон онро баҳсбарангез номиданд. Мақомоти сафоратхонаи Швейтсария, ки филмро сармоягузорӣ карда буданд, дарҳол аз он фосила гирифтанд.

Аксҳои Умеда Аҳмадова дар Копенҳаген, Тифлис ва ҷойҳои дигар намоиш дода шуданд. Бо ин силсила вай дар соли 2004 барандаи Шоҳҷоизаи озмуни "Интер-Пресс-Фото" дар Маскав шуд.

Дастпарвари Донишкадаи синемогарии Маскав вай аввалин филмсози зан дар Узбакистон аст. Иттиҳоми тӯҳмат ва муҳокимаи Аҳмадова эътирозҳои байнулмилалиро ба миён овардааст. Анҷумани байнулмилалии Мунаққидони Ҳунар маъракаи имзои номаи эътирозӣ ба мақомоти Узбакистонро ба роҳ мондааст, ки то ҳоло ба он зиёда аз 1000 ҳунаршинос, журналист, филмсоз ва ҳомиёни ҳуқуқ аз саросари олам имзо кардаанд.
XS
SM
MD
LG