Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фоҷиа дар гарданаи Соланги Афғонистон


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, бар асари тарма ва ё фуруди баҳман дар як роҳи воқеъ дар шимоли шаҳри Кобул, дасти кам 60 нафар ҳалок шудаанд. Ҳаниф Атмар - вазири умури дохила гуфт, гурӯҳҳои наҷот ҷасади 24 нафарро аз зери барф берун кардаанд, аммо ба эҳтимоли зиёд чиҳил нафари дигар дар ин маҳал ҷон додаанд. Маъмурони наҷот ҳамчунин 430 маҷрӯҳро аз ба ҷойи амн интиқол додаанд. Бештар аз 2500 ро- бо мошинҳояшон аз дохили қабати ғафси барф берун овардаанд. Тарма рӯзи душанбе дар гарданаи Соланг, ки шаҳри Мазори Шарифро бо Кобул мепайвандад, фуруд омадааст.
XS
SM
MD
LG